Нерӯгоҳи Роғун алҳол аҳолиро бо нерӯи барқ таъмин мекунад

Бо барқи истеҳсолшуда аз агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун талаботи дохилии ҷумҳурӣ дар мавсими зимистон қонеъ карда мешавад.

“Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки камбуди барқ дар дохили кишварро, бахусус дар мавсими зимистон, ки ҳазорон оилаҳо ба равшаниву гармӣ ниёз доранд, бартараф намояд”, - қайд мешавад дар сомонаи ширкати итолиёвии Salini Impregilo, ки ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун машғул аст.

Таъкид мешавад, ки агрегати дуюми нерӯгоҳ соли 2019 ба истифода дода шуда, аз ҳисоби истеҳсоли барқи истеҳсолшуда аз ду агрегат ва фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя, ҷумҳурӣ метавонад барои идомаи сохтмони иншоот маблағ дарёфт кунад.

Дар маълумоти ширкати Salini Impregilo зикр мегардад, ки баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин дар Осиёи Миёна гардида, иқтидори он (3600 МВт) ба се нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар хоҳад шуд.

Нахустин аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор хоҳад кард, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Ба кор даровардани агрегати дуюм соли оянда дар назар аст.

Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2033 ба нақша гирифта шуда, баландии сарбанди иншоот то ба 335 метр расонида мешавад. Айни замон баландии сарбанд 75 метрро ташкил медиҳад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон