расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар арафаи иҷрошавист

. / Ҷомеа

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар арафаи иҷрошавист

Лекин маъракаи даъват боз қариб 1 моҳи дигар идома меёбад.

То субҳи имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 98,7% ба иҷро расид.
Комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ аз иҷрои нақша пештар хабар дода буданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи даъват 95%-ро ташкил медиҳад.
“Метавон гуфт, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100% иҷро шуд. Айни замон ихтиёриён давраҳои омӯзиши касби ронандагиро мегузаранд. То имрӯз нақшаи даъватро шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи марказ пурра ба иҷро расониданд”, - қайд кард Фаридун Маҳмадализода.
Қобили зикр аст, ки маъракаи даъвати тирамоҳии хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.