ЗАРБУЛАҶАЛИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА СОҲИБОНИ КОРХОНАҲОИ ХУСУСИГАРДОНИШУДА

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор ба соҳибони корхонаҳои хусусигардонишудаи пойтахт то 1 апрел фурсат додааст, то корхонаҳоро барқарор карда, тибқи таъйинот ба кор баранд. Дар сурати барқарор накардани фаъолияти ин корхонаҳо ва мувофиқи мақсад истифода набурдани заминҳои ба онҳо вобасташуда масъалаи ба давлат баргардондани ин корхонаҳову заминҳо матраҳ мешавад, - омадааст дар қарор. Баъди суқути Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳазорон корхонаро хусусӣ карданд, вале аксари онҳо аз кор монда, соҳибонашон ба ҷои корхонаҳо қасру кӯшк ва иншооти дигар сохтаанд.

 

Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 7 ноябр қарори вижаеро "дар бораи тақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе" имзо кард.

Бар асоси ин қарор муовини раиси шаҳр, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои пойтахт ва гуруҳи корӣ муваззаф карда мешаванд, ки вазъи фаъолияти корхонаҳои хусусигардонишуда дар Душанберо таҳлил карда, ҷиҳати ба кор даровардани ин корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, бояд ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда огоҳнома фиристода шавад. Дар ин огоҳинома ба соҳибони ин корхонаҳо то 1 апрели соли 2019 фурсат дода мешавад, то корхонаҳои аз давлат харидаашонро фаъол гардонанд.

"Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намоянд,” - омадааст дар идомаи қарори шаҳрдори Душанбе.

Дар қарор ҳамчунин гуфта мешавад, ки гуруҳи корӣ дар бораи натиҷаи кораш бояд то 1 майи соли 2019 ба Рустами Эмомалӣ ҳисобот бидиҳад.

Масъалаи ғайримақсаднок истифода шудани корхонаҳои қаблан давлатие, ки дар ҷараёни хусусигардонӣ бо нархҳои хеле паст ба афроду ширкатҳои алоҳида фурӯхта шуданд, солҳо боз дар Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дорад.

Дар аксари кулли мавридҳо корхонаҳои қаблан фаъоли истеҳсолӣ баъди хусусигардонӣ аз кор монданд. Бархе соҳибони нави корхонаҳои истеҳсолӣ коргоҳҳои корхонаҳои харидаашонро хароб карда, дар замини он барои худ ҳатто қасру кӯшк ва тарабхона сохтаанд.

 

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №717 АЗ 07.11.2018

Дар бораитақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои супориши протоколии ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 25 сентябри соли 2018, №34 баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №78 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» вобаста ба таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо истеҳсоли молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа тибқи замима таъсис ва тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ:

- ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалӣ андешанд;

- ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда огоҳнома оиди дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо исрол намоянд.

3. Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намоянд.

4. Аз натиҷаи иҷрои корҳо гурӯҳи корӣ то 1 майи соли 2019 ахбороти муфассал пешниҳод намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иникоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон