РАҚОБАТИ ҲАСАНИ АРОБАКАШ БО МОШИН: ЯК ШИРКАТИ ЧИН 10 КОРХОНАИ КӮЛОБРО АЗ ПОЙ АФТОНД

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истифода додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”. 5 ноябри соли 2018

Фаъолияти як ширкати азими чинӣ фаъолияти 10 корхонаи коркарди пахтаро дарминтақаи Кӯлоб аз пой даровардаастШиркати чинии "Ҷунтай Данғара Син СилуТекстилаз соли 2016 дар ноҳияи Данғара ба кор пардохт. Кӯшиши рақобатикорхонаҳои маҳаллии пахтатозакунӣ бо ширкати азими Чин, пойгаи Ҳасани аробакашбо мошинро мемонад, ки бо аспаш талош дошт аз мошин пештар гузарад.

Моликони корхонаҳои коркарди пахтаи минтақа мегӯянд, дар ин муддати кӯтоҳ ширкати чинӣ дар рақобат бо онҳо пирӯз шуд ва корхонаҳои маҳаллӣ аз кор монданд. Муслиҳиддин Фазлиддинов, роҳбари кулли ширкати коркардаи пахтаи "Самар" дар ноҳияи Восеъ мегӯяд, аз бозе, ки ширкати чинӣ дар ин минтақа ба кор пардохт,

Ин менеҷери ҷавон мегӯяд,медонад, ки Тоҷикистон сиёсати истисоди бозориро пеш гирифтааст ва дар чунин шароит ширкате баранда мешавад, ки сармоя бештар ва таҷҳизоти навин дар ихтиёр дорад.

Ба нақли маъмурони корхонаҳои пахтатозакунии минтақаи Кӯлоб, таҷҳизоте, ки онҳо дар ихтиёр дорад, аксаран кӯҳнаву фарсуда шуда, бо оне, ки ширкати чинӣ дар ихтиёр дорад, аслан қобили қиёс нест.

"Рақобати Ҳасани аробакаш бо мошин..."

Кӯшиши рақобати корхонаҳои маҳаллии пахтатозакунӣ бо ширкати азими Чин, пойгаи Ҳасани аробакаш бо мошинро мемонад, ки бо аспаш талош дошт аз мошин пештар гузарад.

Барои мисол, ширкати "Самар" ба нақли моликонаш то омадани чиниҳо25 ҳазор килограмм ва ё25 тонна пахтаро коркард мекард ва дар мавсими аз60 то 80 коргар дошт. Аммо имрӯз ин корхона комилан бекор хобидааст.

"Чунки мо аз деҳқонон пахта харида наметавонем. Ҳоло чиниҳо бо нархи 5850 сомонӣ ҳар тоннаи пахтаро аз деҳқонон харида истодаанд. Мо бошем қудрати пардохти ин маблағро надорем. Деҳқонон албатта пахтаи худро ба касе мефурӯшанд,ки маблағи бештар пешниҳод мекунад",- иброз дошт Фазлиддинов.

 

 

Муслиҳиддин Фазлиддинов, роҳбари кулли ширкати коркардаи пахтаи "Самар"

Ин мудири ҷавон мегӯяд, ширкати чинии "Ҷунтай" пахтаро коркард карда, баъдан онро ришта мекунад ва танҳо баъд ба фурӯш мегузорад, ки албатта нархи риштаи тайёр аз тойҳои пахта дида гаронтар аст ва ширкат аз ин гуна фаъолият фоидаи бештар мебинад.

Аммо корхонаи зери дасти Фазлиддинов ин гуна таҷҳизоту фановариҳо надорад ва оне, ки ҳам ҳаст аксаран кӯҳанаву фарсуда боқимонда аз замони шӯравӣ ҳастанд. "Мо ки таҷҳизот надорем ва ришта бароварда наметавонем, имкон надорем бо нархе, ки чиниҳо медиҳанд, аз деҳқонон пахта харем. Агар ба ин нарх харем, хароҷотамон аз фоидамон бештар мешавад ва зарар мебинем",- мегӯяд Фазлиддинов.

Аз 14 корхона ҳамагӣ5 то фаъол ҳаст

 

Бинобар маълумоти Раёсати саноат дар минтақаи Кӯлоб, дар ин минтақа 14 корхонаи миёна ва бузурги коркарди пахта вуҷуд дорад. Аммо аз се корхонаи пахтатозакунии шаҳри Кӯлоб танҳо 2 корхона, аз се корхонаи Восеъ як то ва аз 5 корхонаи ноҳияи Фархор танҳо2-тоаш фаъол аст. Боқимонда ба гуфтаи мақомот, бо иллатҳои гуногун фаъолият намекунанд.

Ба гуфтаи Муслиҳиддин Фазлиддинов аксар корхонаҳо пас аз вориди бозор шудани чиниҳо,ки аз давлаташон бебаркаш қарзҳои имтиёздор мегиранду мушкили молӣ надоранд, аз кор монданд. "Мо рақобат мефаҳмем.Танҳо мехоҳем давлат ба мо ҳам ҳамон имтиёзҳои андозие, ки ба чиниҳо додааст, бидиҳад",-гуфт ӯ.

<iframe class="flickr-embed-frame" width="500" height="333" frameborder="0" allowfullscreen="allowfullscreen" data-natural-width="500" data-natural-height="333" data-loaded="true" data-mce-fragment="1"></iframe>

"Давлат бояд кӯмак кунад"

Коршиносон ҳам мегӯянд,бе кӯмаки давлат корхонаҳои нассоҷии тоҷик наметавонанд ба по хезанд. Абдулло Муҳаммадиев, собиқадори соҳаи саноати нассоҷӣ мегӯяд,мушкили рақами яки корхонаҳои саноатӣ нассоҷӣ ин аст, ки"маблағҳои гардоне надоранд, ки истеҳсолотро ба роҳ монанд. Фоизи қарзи банкҳо хеле баланд аст ва корхонаҳо барои қарзгири риск намекунанд. Чун аз фоидаи ба даст меомада рӯйпӯш кардани қарзи бонк ва фоизҳояш ғайримкон аст".

Муҳаммадиев мегӯяд,ба хотири ривоҷ додани соҳаи нассоҷӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон чанде қабл пешниҳод доданд, ки як фонди давлатӣ таъсис шавад, ки ба корхонаҳо бо фоизҳои паст маблағҳои гардон ҷудо кунад. "Танҳо дар ҳамин сурат корхонаҳо метавонанд чархи истеҳсолотро дубора гардон кунанд",- мегӯяд Муҳаммадиев.

 

Дар пасманзари рақобатро бохтани корхонаҳои маҳаллӣ, ширкати чинии "Ҷунтай" фаъолияташро дар минтақа густурдатар мекунад. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми ноябр ҳини сафари хеш ба ноҳияи Данғара бо қайчӣ задани лентаи сурх, боз як корхонаи азими ресандагии "Ҷунтай"-ро ба кор андохт.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, ин корхонаи чинӣ иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дорад. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда, дар ду соли охир 13 ҳазор тонна риштаи пахтаро ба Чин содир кардааст.

Нақшаҳои ин ширкати азими чинӣ дар Тоҷикистон бо ҳамин хатм намешавад. Қарор аст ин ширкат то соли 2020 корхонаи бофандагӣ ва рангуборкунии матову дӯзандагиро фаъол кунад. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи вазорату идораҳо дастур ба ин ширкати чинӣ барои дар мӯҳлат сохта ба истифода додани корхонаҳои нав мусоидат кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон