расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини шаҳраки Сариосёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2020, ҳангоми дар маркази дилхушии «Самира», воқеъ дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо ӯ шиносоӣ пайдо намуда, ӯро ба кӯчаи Борбад бурда, бе ягон асос лату кӯб карда, бо тариқи ошкоро 170 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Майкрософт»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 31 ва 36-солаи сокинони пойтахт, ки якеашон пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32, 31 ва ҷавони 22-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир гардиданд.
Номбурдагон санаи 31-уми октябри соли 2020, тахминан соати 05:00, аз деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти Чоргултеппа марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкурро ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” савор карда, ба деҳаи Қалъаи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ҳамин ноҳия бурда, бо роҳи ошкоро ва истифодаи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1 ҳазору 700 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.