РАИСИ КУМИТАИ АНДОЗ: ҲАВАС НАКУНЕД, МОШИНҲОИ КОРМАНДОНИ АНДОЗ ҚИМАТ НЕСТ

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар бораи мошинҳои гаронбаҳоикормандонаш: "Мебинӣ, ҳавас мекунӣ, фикр мекунӣ, ки гаронарзиш аст. Аммо дар бозор меравӣ, нархи гарон ҳам надорад. Аз бисёри кишварҳо баъди чандин соли истифода ворид мешаванд, ки қимат ҳам нестанд."

 

Кумитаи андози Тоҷикистон, ки қаблан мошинҳои гаронарзиши кормандонаш боиси баҳсҳо дар фазои хабарии кишвар шуд, ҳаҷми маоши мансабдорони сатҳи гуногуни ин ниҳодро эълон кард

Тибқи ҷадвали маоши кормандон, ки Кумитаи андоз нашр кардааст, маоши масъулини андоз дар ноҳияҳо нисбати шаҳрҳо поинтар буда, музди аз ҳама баландро мақомдорони дастгоҳи марказӣ мегиранд.

Бар асоси ҷадвал, маоши мансабии сардори раёсат дар дастгоҳи марказии Кумита бе назардошти собиқаи хизмати давлатӣ1983 сомонӣ ва музди муовинаш 1630 сомониро ташкил медиҳад. Музди сардорони раёсатҳо дар вилоятҳо 1800 ва аз муовинонашон 1475 сомонӣ мебошад.

Сардори нозироти андоз, муовинаш ва сардори шуъба дар ноҳияҳо— 1095 сомонӣ, дар шаҳрҳо— 1151 сомонӣ, сардори нозироти андозсупорандагони калону миёна— 1889 сомонӣ маош мегиранд. Аммо маоши сардорони шуъба дар Дастгоҳи марказӣ 1334 сомонӣ ва дар нозироти андозсупорандагони калону миёна 1269 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки мудири бахш дар мақомоти андоз аз 897 то 1095 сомонӣ, мутахассис аз 546 то 665 сомонӣ, мутахассиси пешбар аз 665 то 806 сомонӣ ва сармутахассис аз 811 то 988 сомонӣ маош мегирад.

Кумита таъкид намудааст, ки агар корманд собиқаи хизмати давлатӣ дошта бошад, ба маоши ӯ иловапулӣ зам мегардад.

Эълони ҳаҷми маоши кормандони андоз дар ҳолест, ки қаблан мошинҳои гаронарзиши кормандони ин ниҳод боиси баҳсҳо дар фазои хабарии кишвар гардид.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, мегӯяд, масъалаи хонаю мошинҳо тақрибан дар ҳар мулоқот бо рӯзноманигорон баррасӣ мешавад.

Ӯ қаблан зимни шарҳи масъала гуфт, аксари мошинҳо ба кишвар баъди чанд соли истифода аз хориҷ ворид мешаванд ва нархашон ҳам чандон баланд нест.

"Мебинӣ ҳавас мекунӣ, фикр мекунӣ, ки гаронарзиш аст. Аммо дар бозор меравӣ, нархи гарон ҳам надорад. Аз бисёри кишварҳо баъди чандин соли истифода ворид мешаванд, ки қимат ҳам нестанд,"— гуфт Давлатзода.

Ӯ таъкид намуд, ки дар назди идораҳои андоз на ҳама вақт мошинҳои кормандон қарор доранд, балки метавонанд мошинҳои соҳибкорону шаҳрвандони дигар бошанд, ки ба ин идораҳо меоянд.

Раиси Кумитаи андоз таъкид намуд, ки ҳозир қонун дар бораи танзим мавриди амал қарор дорад ва кормандони андоз низ дар доираи он кор мекунанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон