ПРЕЗИДЕНТ ДУ МОҲ ПЕШ САНГИ АСОСРО ГУЗОШТ, ВАЛЕ СОХТМОН ТО ҲОЛ ОҒОЗ НАЁФТААСТ

Рӯзи 24 июни соли равон президент Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони корхонаи коркарди тиллои "Талко Голд” дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ оғоз бахшид. Ин корхона бояд то соли 2020 ба истифода дода шавад. Вале бо гузашти ду моҳ аз гузоштани санги асос сохтмони корхона ҳанӯз оғоз наёфтааст. Сармоягузорони хитоӣ мехоҳанд фақат барои истеҳсоли тилло андоз супоранд, вале ҳукумати Тоҷикистон инро қабул накардааст, чунки дар Кончоч камаш 5 навъи фулузоти қимматбаҳо истихроҷ ва коркард мешавад.

Як корманди Ҳукумати ноҳияи Айнӣ ба шарти бурда нашудани номаш ба сомонаи "Ахбор” гуфт: "Бо гузашти ду моҳ аз гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи коркарди тиллои мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ, то ба имрӯз ҳеҷ кореро анҷом надодаанд ва сохтмони корхона муваққатан боздошта шудааст. Сабаби тӯл кашинданро дар баҳси ҳукумат ба ҷониби сармоягузор медонанд. Сармоягузорон мехоҳанд, ки танҳо аз истеҳсоли тилло андоз супоранд. Ҳукумат ба ин розӣ нест, зеро дар конҳои ин минтақа ба камиаш 5 навъи фулузоти қимматбаҳо истиҳсол карда мешавад.”

"Сармоягузорон гуфтаанд, ки мо танҳо ба тилло андоз месупорем ва ба дигар металҳо не, ҳамин сабаб гардидааст, ки сохтмони корхона боздошта шавад,” - мегӯяд манбаи мо.

Ӯ дар идома иброз дошт, ки бояд дар аввал роҳбарияти Талко ин масъалаҳоро ҳал мекарданду баъд ба корҳои сохтмонӣ оғоз мебахшиданд. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти ширкат розӣ шудаанд, ки ҷониби Чин танҳо аз коркарди тилло андоз супорад, вале ҳукумат инро қабул накард.

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24 июн дар пайи гузоштани санги асоси сохтмони корхонаи "ТАЛКО Голд” бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода буд, ки бунёди корхона якуним солро дар бар бигирад ва алакай аз соли 2020 "ТАЛКО Голд” солона1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма истеҳсол хоҳад кард. Масъулони "ТАЛКО Голд” ваъда додаанд, ки дар ин корхонаи азими саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ вуҷуд дошта, "ТАЛКО Голд” тилло, нуқра ва сурмаро дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол ва коркард мекунад. Захираи умумии сурма дар ин кон 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад. Ба кор даровардани корхонаи "Талко Голд” Тоҷикистонро аз лиҳози истеҳсоли сурма баъди Чину Русия дар ҷаҳон ба ҷои сеюм мебарорад.

Конҳои Кончоч дар ивази бунёди Маркази дуюми гармидиҳии Душанбе аз ҷониби ширкати чинии "ТВЕА” дар ихтиёри он ширкат гузошта шуд.

Маросими гузоштани санги асоси сохтмони корхонаи "Талко Голд” дар Кончоч ба як далели дигар низ расонаӣ шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчии президент Абдуҷаббор Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро барои ҷалби наврасону духтарон ба пешвози президент сарзаниш кард. Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан ба Абдуҷаббор Раҳмон дасттур дода будааст, ки барои пешвози ӯ дигар наврасону духтаронро сафарбар накунанд ва пешвозгириҳои пурдабдаба аз ӯ дар минтақаҳоро бас кунанд.

Чархболҳои ҳомили президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш рӯзи 24 июн соати ҳафти субҳ дар Кончоч фуруд омаданд. Вале намояндагони ҳукумати вилояти Суғд духтарону наврасонро аз соати чори субҳ ба пешвози президент дар ин ин минтақаи кӯҳистонӣ, ки субҳ ҳавояш хеле сард аст, ҷамъ оварда буданд.

Як манбаи "Ахбор”, ки шоҳиди сарзанишҳои президент шудааст, ба шарти бурда нашудани номаш гуфт: "Чанде пеш Пешвои миллат ба ёрдамчиаш Абдуҷаббор Раҳмон супориш дода будаанд, ки дигар аз наврасону духтарон ҳангоми сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳо истифода накунанд. Рӯзи 24 июн ҳангоми гузоштани санги асоси сохтмони корхонаи коркарди тиллои "ТАЛКО Голд” дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ президент барои боз ҳам ҷалб кардани духтарон ва наврасон Абдуҷаббор Раҳмон ва раиси вилоятро сахт сарзаниш карданд, ки чаро Шумо гапро намефаҳмед? Ба Шумо чанд маротиба гап занам, ки дигар зимни сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо аз наврасону духтарон истифода накунед? Ин аҳволро бубинед, мардум аз хунукӣ ларзида истодааст. Инсоф доред? Вале мансабдорон ҳангоми ин сарзанишҳои президент сари худро хам кардахомӯш буданд.

 

Ба истиқболи президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кончоч дар баробари хонандагони мактабҳои маҳаллӣ ҳамчунин гуруҳи бузурги донишҷӯдухтаронро аз шаҳри Хуҷанд оварда буданд, ки қариб як моҳ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ ба пешвозгирии президент омодагӣ диданд ва ҳатто имтиҳонҳову санҷишҳои худро дар ҳамин ноҳияи Айнӣ супурданд.

Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, ин пешвозгирии пурдабдаба бо ташаббуси муовини раиси вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева сурат гирифт, вале президент раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ёвари худ Абдуҷаббор Раҳмонро сарзаниш карду дар ниҳоят ҳама чормағзро дар сари раиси ноҳияи Айнӣ шикастанд. Ҳарчанд раиси ноҳия ба ҷалби кӯдакону донишҷӯён ба пешвози президент розӣ набуд, - мегӯяд ҳамсӯҳбати "Ахбор”.

 

<iframe class="flickr-embed-frame" width="680" height="453" frameborder="0" allowfullscreen="allowfullscreen" data-natural-width="800" data-natural-height="534" data-loaded="true" data-mce-fragment="1"></iframe>

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон