расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вазорат рад кард. Дар Тоҷикистон барои коронавирус эмгузаронӣ нест

. / Ҷомеа

Вазорат рад кард. Дар Тоҷикистон барои коронавирус эмгузаронӣ нест

Дар Тоҷикистон ҳеч эмгузароние дар назар нест, мегӯянд мақомот

Сурат: forumdaily.com
Вазорати тандурустӣ сару садоҳо дар бораи эмгузаронӣ зиддӣ коронавирусро бепоя медонад. Дар ин ниҳод ба “Азия - Плюс” хабар додаанд, ки Тоҷикистон воксини зидди бемории коронавирусро аз Русиия  ворид накардааст ва овозаҳое, ки сокинон эм карда мешаванд асос  надоранд.
“Ҳеҷ нафареро зиди бемории коронавирус эм накардаанд ва ин гуфтаҳо иштибоҳанд. Масъалаи вуруди воксини Русия ба Тоҷикистон низ ҳоло маълум нест”,-гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ.
Вазорати тандурустӣ дар ҳоле чунин мегӯяд, ки дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ навиштаи эмгузаронии афроди то синни 15-сола аз коронавирус паҳн гардидааст, ки сару садоҳи зиёдеро ба бор овардааст.
Дар гурӯҳи фейсбукии “Врачи Таджикистан” Елена Трушкова  навиштааст,   ки “ҳамшираи шафқат аз беморхонаи ҷойи зист ба онҳо гуфтааст, ки бояд аз бемории коронавирус нафарони то 15-сола эм карда шаванд.  Вале мо рад кардем ва аз худи ҳамшираи шафқат дар бораи он пурсон шудем. Ӯ ба мо ҷавоби дақиқ дода натавонист. Оё касе гуфта метавонад, ки ин чӣ гуна воксин аст? “ - навиштааст ин зан.
Зери ин матн афроди зиёде назари худро навишта, баҳс кардаанд. Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ дар зери навиштаи муаллиф қайд кардааст, “ҳафтае 2 ё 3 маротиба ҳамшираи шафқат ё табиби оилавӣ хона ба хона гардиш намуда аз ҳоли беморон хабар мегиранд, вале дар бораи эмгузаронӣ ҳарфе нагуфтаанд”. Каси дигаре навиштааст, ки “эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна ҳарфҳои ба ном табибон бовар накунанд”.

Бисоро Маматқулова, шарҳнависи дигар дар зери ин фириста (пост) менависад, ки аслан ин кори қаллобон аст, чунки ба Тоҷикистон воксин то ҳол ворид нашудааст. “Дар Тоҷикистон аз куҷо воксин аст? Ин кори қаллобон аст, ки намедонанд бо кадом роҳ аз мардум маблағ биситонанд”.
Дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ 23 сентябр ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки воксини Русия то ба ҳол ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро нагузаштааст. Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.
“Тавре шумо медонед, воксини Русия аз тамоми марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки ҳамаи марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии воксин исбот мешавад, мо гуфтушунидҳо оид ба харидориро оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, - гуфта буд масъули дафтари матбуоти вазорат.
Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли 2020, “Авифавир” шаҳодатномаи бақайдгирии Вазорати тандурустии Русияро гирифт ва ба гуфтаи Вазорати тандурустии ин кишвар аввалин доруи дар ҷаҳон тавлидшуда барои табобати COVID-19 гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.