расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ВИДЕО: “РАЗБОР”-И БАЙНИ 2 ГУРУҲИ НАВРАСОН ДАР ДУШАНБЕ

. / Ҳаводис

ВИДЕО: “РАЗБОР”-И БАЙНИ 2 ГУРУҲИ НАВРАСОН ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 25 октябр дар Интернет видеои тасфияҳисоб ("разбор”)-и байни ду гуруҳи наврасон дар Душанбе нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ду гуруҳ дар як боғ ҷамъ шудаанд ва ногоҳ яке аз наврасон аз бағалаш корд кашида, ба тарафи гуруҳи муқобил ҳамла мекунад ва "разбор”-чиҳо бо шитоб мегурезанд. РВКД Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи таҳқиқ маълум шуд, ки рӯзи 25 октябр як сокини 17-солаи деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи литсеи касбӣ-политехникӣ ҳамроҳи ду рафиқи 19 ва 15-солааш 4 хонандаи синфи 10-уми мактаби №92-и ноҳияи Синоро бо мақсади қасдгирӣ ба "разбор” даъват кардаанд. Нафаре, ки бо корд таҳдид кардааст, ҳамин сокини 17-солаи Арбобхотун будааст. Волидони ин наврасонро барои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ дар тарбияи фарзандон ҷарима баста, наврасонро огоҳии қатъӣ додаанд, ки дигар даст ба чунин кирдори зиддиқонунӣ назананд.

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии волидайн барои бетартибии ноболиғон

Санаи 25-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати ба ҳамдигар дарафтодани ду гурӯҳ ноболиғон инъикос ёфта, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, ба дигарон таҳдид кардааст.
Навори мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва санҷиши ҳаматарафа қарор дода шуда, дар натиҷа содиркунандагони он муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки санаи мазкур як нафар ҷавони 17-солаи сокини деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2-и Литсеи касбӣ-политехникӣ бо ҳамроҳии 2-нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19-сола дигаре ҷавони 15-сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10-и МТМУ №92 н. Сино онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.
Аз ҷониби дигар 4-нафар хонандагони синфи 10-и муассаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд, ки чуноне дар навор дида мешавад, ҷавони 17-солаи сокини деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ бо корд ба онҳо таҳдид намудааст, ки ҳамагон пароканда мешаванд.
Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас намудан нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дар оянда ба чунин кирдори зиддиқонунӣ даст назадан номбурдагон ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.