НАРХИ ГЕЛОС АЗ 18 СОМОНӢ БА 2 СОМОНӢ ФАРОМАД (ВИДЕО)

Рӯзи 20 май дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода дар назди боғҳои канори гардиши Шоҳамбарӣ як кило гелосро бо нархи ду сомонӣ ба фурӯш гузошта буданд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш нархи як кило гелос дар бозор 18 сомонӣ буд. Деҳқонон мегӯянд, обу ҳавои номусоид, бахусус боришоти рӯзҳои охир ҳосили гелосро таҳти хатари нобудӣ қарор додааст. Гелос, қарори маълум, меваи хеле нозук аст ва дар намӣ зуд нобуд мешавад.

 

Дар видеое, ки яке аз хонандагони "Ахбор” фиристод, дида мешавад, ки як фурӯшандаи гелос дар гардиши Шоҳамбарӣ як сатил гелосро дар халта рехта, дар тарозу бармекашад ва мегӯяд: " 4 килову 800 грамм. Ин мешавад 9 сомониву 60 дирам.”

Ин дар ҳолест ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе як кило гелос то ҳол аз 10 сомонӣ болост. Деҳқонон мегӯянд, маҷбуран ҳосили пухта расидаи гелосро ба зарар бифурӯшанд, чунки баъди боришоти охир зери намӣ гелос пурра нобуд мешавад.

 

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон