расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Хатлон: Ҷиноят ва ҷазо

. / Ҳаводис

Хатлон: Ҷиноят ва ҷазо

1125
Чанде пеш аз ҷониби ҳамкорони мо оид куштори ваҳшиёнае, ки дар ноҳияи Шаҳритуз ба вукуъ пайваст гузориш омода ва ба мардуми кишвар намоиш дода шуда буд.
Санаи 19-уми августи соли равон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз шаҳрванд Сувонқулов Содиқжон соли тав. 1969 сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматови ноҳияи мазкур, ки пеш ду маротиба бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар холати масти ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзона соли таваллудаш 1994 омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Рачабов Рустам, марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х. Холматови ҳамин ноҳия муносибати маҳрамона дорад.
Гумонбаршаванда, бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Рачабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Бо ин конеъ нагашта , аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4-маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар , ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3-маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса дар прокуратураи ноҳияи Шахритуз парвандаи чинояти бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида тафтишот ба анҷом расидаву ба суди вилояти Хатлон ирсол карда шуд.
Ҳафтаи сипаришуда дар толори суди вилояти Хатлон дар ҳайати раисикунанда муовини якуми Раиси суди вилояти Хатлон, Бойзода Т, машваратчиёни халқӣ, котиб, айбдоркунандаи давлатӣ ва ҳимоятгар мурофиаи судӣ нисбати Сувонқулов Содиқжон, ки бо ҳаракатҳои қасдонаи худ ҷинояти дар модаи 104- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад,содир намуда аст, гунахкор дониста шуда, ба анчом расид.
Судшаванда Сувонқӯлов С , ки қаблан ду маротиба , аз ҷумла бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳритуз бо моддаи 239 Кҷ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 солу 6 моҳ марҳрум сохтан аз озодӣ ба адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт маҳкум шуда, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят қарор дошта, боз даст ба содир намудани ҷинояти қасдонаи махсусан вазнин задааст.
1126
Суди вилоят нисбати Сувонқулов Содиқжон бо моддаи104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухлати 26 сол бо адо кадани ҷазо дар калонияи ислоҳотии дорои низомаш сахт таин кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.