ПАНҶАКЕНТ: ДЕВОРИ БИНОИ 15-МИЛЛИОНА КАФИДУ ШИФТАШ ЧАКИД (ВИДЕО ВА 6 АКС)

 

Як иншооте, ки дар иди Наврӯз дар Панҷакент дар ҳузури Президент Эмомалӣ Раҳмонба истифода дода шуд, аллакай деворҳояш кафидаву аз шифташ пас аз борон об чакидааст. Ин бино Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ мебошад, кибино ба маълумотҳо, барои сохтанаш ҳудуди15 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохта шуд. Бинои маҷмаа аз панҷ ошëна ва таҳхона иборат буда, аз тарафи ширкатҳои сохтмонии " Манора - 14" ва " СУ - 3 " сохта шудааст.

Аммо бо гузашти камтар аз ду моҳ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор доданибино алакай деворҳои он кафидаву фаршу сақфояш иллат пайдо кардаанд. Дар натиҷаи боронҳои ахир аз чанд ҷои боми бино об чакида аст, ки имкон дорад рангвори деворҳоро шуста фарояд.

Коршиносони маҳаллӣ ҳанӯз пеш аз баистифодадиҳии бино ҳадс мезаданд, ки сифати сохтмони он хуб нест ва имкон дорад дар кӯтоҳтарин фурсат нуқс пайдо кунад.

Мудири шӯъбаи сохтмони ҳукумати шаҳри Панҷакент Сабур Бозоров гуфт, ки гуруҳи корӣ то ҳол иншооти мазкурро қабул накарда аст, вале номбурда сабаби бесифатии биноро шарҳ надод. Ҷаноби Бозоров гуфт, ки ман худам ҳоло аз пушти сохтмони ин бино қарздор шудам.

Дар маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ айни замон тв маҳаллии шаҳри Панҷакент, китобхонаҳои шаҳрӣ, Раëсати суғурта ва нафаққаи шаҳри Панҷакент, бахши ҷавонон ва варзиш, шӯъбаи фарҳанг, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дигар корхонаю ташкилотҳо ҷойгиранд.

Бибиҷон АШӮРОВА

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон