расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ҷавони 25-сола бо гумони дуздии чорвои калони шохдор

. / Ҳаводис

Боздошти ҷавони 25-сола бо гумони дуздии чорвои калони шохдор

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми октябри 2020, тахминан соатҳои 13:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи мазкур, 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 100-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Т.Сангини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.