расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 3 ҳазор сомонӣ: Ҷоизаи палавхӯре, ки Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кард (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

3 ҳазор сомонӣ: Ҷоизаи палавхӯре, ки Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кард (ВИДЕО)

Дар ин озмун ҳамагӣ 6 нафар оши палавхӯр ширкат кардаанд

аз маросими озмуни "Ошхӯри беҳтарин", вилояти Суғд, октябр, 2020
Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин"-и вилояти Суғд, ки онро Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кард, як нафар мақоми аввал ва ҷоизаи 3 ҳазор сомониро ба даст овардааст. Панҷ нафари дигар дар ин озмун соҳиби мақомҳои баъдӣ ва ҳазор сомонии шудаанд.
Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин" Баҳодур Шокиров, сокини ноҳияии Айнии ин вилоят мақоми аввалро ба даст овардааст. Як масъули Раёсати рушди иқтисоди вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Баҳодур Шокиров дар панҷ дақиқа 700 грам оши палавро хӯрдааст, ки аз панҷ ширкаткунандаи дигари озмун пеш гузаштааст. 
Ин озмун ҳангоми сафари ахири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд баргузор шуд, ки аксҳои онро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ расонаӣ кардааст.
Озмуни "Ошхӯри беҳтарин"-ро имсол Раёсати рушди иқтисоди вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати кишоварзии ин вилоят ба ифтихори ҷашни Меҳргон ташкил кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.