ТАРМАИ ДАРОЗИАШ 270 МЕТР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД

Шоми 10 март дар километри 71–уми роҳи Душанбе – Чанок тармаи бузургҳаҷм фаромад. Маълум гардид, ки дарозии тарма 270 метр ва баландиаш 8 -10 метрро ташкил медиҳад. 6 техникаи пуриқтидори IRS машғули тоза кардани тарма буданд. Бо дарназардошти вазъияти мавҷуда, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки барои бартарафсозии тарма маротибаи аввал булдозерҳоро истифода намояд.

 

Баъзан маврид ҳастанд нафароне, ки нигоҳдории роҳро кори саҳлу сода пиндошта, ба фаъолияти филиали Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "аз паси панҷа менигаранд”. Дар ҳоле ки аз лиҳози моҳият нигоҳдории роҳ аз бунёди он камтар набуда, дар сурати сари вақт ва тибқи талаботи мавҷуда амалӣ нагардидан дар як муддати ғайри қобили истифода шудани роҳ амри муқаррарӣ хоҳад буд. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аз рӯзҳои аввали аввали фаъолият масъулиятшиносӣ дар сархати авлавиятҳои филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошту дорад. Илова бар ин, бунёдкориву ободонӣ раванди муттасил буда, таваҷҷуҳи роҳбарият ба он хоса аст.

 

Шоми 10 марти соли равон дар километри 71,600 –уми роҳи Душанбе – Чанок тармаи бузургҳаҷм фаромад. Маълум гардид, ки дарозии тарма 270 метр ва баландиаш 8 -10 метрро ташкил медиҳад. 6 техникаи пуриқтидори филиали Ширкат машғули тоза кардани тарма буданд. Бо дарназардошти вазъияти мавҷуда, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки барои бартарафсозии тарма маротибаи аввал булдозерҳоро истифода намояд. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба боришоти шадиду тармафароии зимистони солҳои 2016-2017 филиали Ширкат теъдоди муайяни булдозерҳоро, ки истеҳсоли ширкати бонуфузи олам мебошанд, харидорӣ намуда буд. Масъулини филиали Ширкат аз ин корхонаҳо дидан намуда, баъд аз муътақид шудан ба махсусиятҳои булдозерҳои мавриди назар ва мувофиқ буданашон барои истифода дар роҳи Душанбе – Чанок, барои харидории онҳо ба мувофиқа расида буданд. Ҳамрадиф бо ин, барои сари вақт ба макони зарурӣ интиқол додани онҳо трейлер низ харидорӣ гашта буд. Дар як муддати кӯтоҳ тавассути трейлери мазкур яке аз булдозерҳо ба макони офати табиӣ интиқол дода шуд. Мардуми зиёд, киҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд, ба ин тадбирандешӣ таҳсин хонданд. Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” сафарбар шуданд, тармае, ки ҳаҷмаш қобили мулоҳиза маҳсуб мешавад, дар як муддати кутоҳ бартараф гардид.

-Воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо (манзур кормандони филиали Ширкат) хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандонаш ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд,-гуфтанд ронандагону мусофирон.

Мавриди зикр аст, ки боришоти барфу борон дар масири роҳи Душанбе – Чанок аз 26 ноябри соли гузашта шурӯъ гардида, бо таваққуфи кутоҳмуддат бемайлон идома дорад. Ҳарчанд ҳоло дар водиҳо аз барф нишоне нест, вале дар ин масир боридани барф, борони пуршиддат, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора хеле зиёд ба амал меояд. Табиист, ки чунин ҳолат аз кормандони филиали Ширкат истифодаи густурдаи неру кормандон ва техникаву механизмҳои мавҷударо, ки теъдодашон зиёда аз 181-торо ташкил медиҳад, тақозо менамояд. Метавон гуфт, ки ин рисолат аз ҷониби онҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодааст. Дар навбати аввал, техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зидди лағжиш таври густурда ва мунтазам ҷараён дорад. Муҳимтар аз ҳама, новобаста аз боришоти шадиди барфу борон ва тамафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир қатъ нагардидааст.

Тибқи таҷрибаи ҳосилшуда, тармафароӣ асосан дар километрҳои 65-72, лағжиши сангпораҳо дар километрҳои 20 ва 39, бориши беисти борон дар километрҳои 10-157-уми роҳ ба амал меояд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

-Омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Биноан, бо дарки масъулият мегӯем, ки рисолати хеш- нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро хоҳем кард,- мегӯянд онҳо.

 

Хотиррасон мешавем, ки аввалин тарма дар масири мазкур набуда, кормандони филиали Ширкати саҳоми "Инновейтив Роуд Солюнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза теъдоди зиёди тармаҳои хурду бузург ва кӯҳпораҳои фаромадаро бетаъхир бартараф мекунанд.

Баъд аз чанд соати "ҳарб”-и кормандону техникаҳои филиали Ширкат бо тарма роҳ кушода шуд. Вале бояд мадди назар дошт, ки кушода шудани роҳ маънои хотимаи шабзиндадориву фарҷоми афзоиши сарбории кормандони филиали Ширкатро надорад. Зеро ҳар лаҳза хавфи фаромадани тарма мавҷуд буда, онҳо доимо ба тадбирандешии бетаъхир омодаанд.

Айни замон роҳ кушода ва ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон