Пешпардохти 134 млн. доллар ба паймонкори кулли нерӯгоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2028 қарзҳояшро ба қарздиҳандагони хориҷӣ, ки вомбаргҳои давлатии Тоҷикистонро хариданд, пурра баргардонад.

Маблағи аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок бадастомада дар ҳаҷми 500 млн. доллар ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мегарданд.

«Шурӯъ аз соли равон дар буҷети давлатӣ ҳамасола барои пардохти ин қарзҳо як маблағи муайян пешбинӣ мешавад. Пурра баргардонидани ин қарзҳо бо фоизҳояш давоми солҳои 2025-2027 ба нақша гирифта шудааст», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то соли 2025 ба қарздиҳандагон танҳо фоизҳо (7,1 фоизи солона) пардохта шуда, қарзи асосӣ се соли минбаъда (2025-2027) баргардонида мешавад.

Дар Вазорати молия қайд карданд, ки то имрӯз аз ҳисоби ин маблағҳо дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун наздики 200 млн. доллар истифода шудааст.

«Аз ин миқдор 134 млн. доллар ба паймонкори кулл пешпардохт шуда, наздики 65 млн. доллар бевосита ба иҷрои корҳои сохтмонӣ равона шуд», - илова карданд дар Вазорат.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта Тоҷикистон дар бозори байнулмилалии коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 млн. доллар вобмрагҳои давлатиро фурӯхта, воситаҳои аз ин ҳисоб бадастомада ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мегарданд. Вомбаргҳо аз ҷониби сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харидорӣ шуданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир мегардад. Дар ин бора роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ӯ итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин робита изҳор намуд, ки маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон дар доираи талаботи иншоот аз ҳисоби буҷет ва воситаҳои аз хориҷа ҷалбшуда амалӣ шуда, дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон