Аз сейфи Хадамоти алоқа қариб 150 ҳазор сомониро дуздидаанд

Ҷинояткор ба бинои филиали зертобеъи «Тоҷиктелеком» ворид шуда, 148 сомониро рабудааст.

Кормандони Раёсати минтақавии ВКД дар Кӯлоб рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда сокини ҳамин шаҳр Сафаралӣ Ҳалимовро ба гумони даст доштан дар дуздии пулҳо аз филиали «Тоҷиктелеком» боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ҳанӯз тобистон роҳбари филиал Каромат Саъдулло ба Шуъбаи ВКД бо ариза муроҷиат намуда, изҳор дошта буд, ки охири моҳи августи соли 2017 шахсе ба бинои филиал ворид шуда, аз сейф 148 ҳазор сомониро дуздидааст. Дуздӣ дар давоми рӯзи корӣ сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда Ҳалимови 49-сола қаблан дар ин филиал кор мекардааст. «Ӯ ҳамаи ин ҷойҳоро хуб медонист ва аз ин рӯ, хеле «моҳирона» пулҳоро дуздидааст», - гуфт ӯ. Дар замони дуздӣ Ҳалимов аллакай кор намекардааст.

Вақте кормандони БДА ӯро дар ҳолатт мастӣ сари чанбараки автомашина боздошт мекунанду ӯ ба онҳо 10 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод мекунад, маълум мешавад, ки пулҳоро ӯ дуздидааст. Замон боздошт аз он пулҳо ҳамагӣ 6 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.

«Шахси бекор гӯё барои пулкоркунӣ ба Душанбе рафта, ба хона 2 ҳазор сомонӣ музди корашро меовардааст. Дар асл ӯ дар Душанбе ба ягон коре машғул набуда, хона иҷора гирифта ва пулҳоро ба эҳтиёҷоти худ сарф мекардааст», - гуфт манбаъ ва илова намуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон