расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ КОМИЛАН СОЛИМ ВА НЕРӮМАНД!

. / Сиёсат

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ КОМИЛАН СОЛИМ ВА НЕРӮМАНД!


 
29 сентябри соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет маълумоти бардурӯғ ва ё бо истилоҳи имрӯза  “фейк” дар бораи вазъи саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ паҳн карда шуд. Душманону хоинони миллат дар саҳифаҳои фейсбукии худ аз он хабар медоданд, ки гӯйё Рустами Эмомалӣ гирифтори бемории саратон будаву соли гузашта дар яке аз марказҳои тибби давлати Исроил ҷарроҳиро паси сар кардааст. Маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дар  фазои иттилоотии интернет пайдошавии маълумоти бардурӯғ дар бораи сафари эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ба давлати Исроил, худ далели он аст, ки маълумоти паҳншуда носаҳеҳ ва ғаразнок буда, ин иғвои барқасдона ба ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон равона шудааст.
МИҲД ш.Душанбе: Рустами Эмомалӣ сиҳат ва ба Исроил нарафтааст!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе дар пайи ин хабари фейкӣ дар сомонаи худ ба таври оҷилӣ раддия нашр карда, беморӣ, ҷарроҳӣ ва сафари шаҳрдори пойтахтро ба давлати Исроил бардурӯғ хонд. Дар раддияи МИҲД ш.Душанбе аз ҷумла омадааст:
   «-Навиштан ва паҳн кардани чунин иттиллоти бардурӯғ дар бораи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ яке аз усулҳои нопоки бадхоҳони кишвари мо мебошад. Мо бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки маълумот дар бораи бемории эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ва табобати ӯ дар давлати Исроил ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар фейкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки гӯё Рустами Эмомалӣ, соли 2019 ба давлати Исроил ташриф оварда, дар он ҷо ӯро ҷарроҳӣ карданд. Тавре мардум медонанд,  Рустами Эмомалӣ як шахсияти ҷамъиятӣ ва  шахси расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ  сафарҳои ӯ, бахусус ташрифҳои хориҷӣ,  ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ қарор мегирад. Агар Рустами Эмомалӣ  дар воқеъ соли 2019 ба давлати Исроил сафар мекард, пас ин иттилоот ҳанӯз дар соли 2019 дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайдо мешуд. Мо расман изҳор менамоем, ки Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст.
Бояд қайд кард, ки Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ комилан солим ва нерӯманд  аст, ки онро баҳри ободонии ш.Душанбе ва умуман кишвар сарф мекунад. Ҷавонӣ, некбинӣ ва саломатии аъло ба ӯ имкон медиҳад, ки бори иловагиро бар дӯш гирад ва имрӯз ӯ вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро низ иҷро мекунад. Аз ин рӯ, мо ба ҳамватани азиз муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба иғвоҳои бадхоҳони Ватанамон дода нашаванд».
Дани Энгел: хабареро нашр накардаам… 
Дар пайи дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр шудани хабар, ки гӯё дар Маркази тиббии Ҳертслияи Давлати Исроил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дармон ёфтааст, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд бо дипломатҳои Сафорати Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар тамос шуда, таваҷҷуҳи ҷониби исроилиро ба интишори хабари бардурӯғи мазкур ҷалб кард.
Дар посух дипломатҳои исроилӣ иттилоъ доданд, ки Вазорати тандурустии Исроил расман аз пулиси кишвар ва шабакаи иттилоотии Твиттер талаб намудааст, ки пайдоиш ва манбаи хабари мазкурро оҷилан муайян кунад. Гузашта аз ин, Вазорати мазкур дар натиҷаи санҷиши дохилии худ муайян намудааст, ки хабари нашршуда асоси воқеӣ надорад.
Мудири кулли Маркази тиббии Ҳертселия Дани Энгел, ки хабари мазкур аз номи ӯ дар Твиттер нашр шудааст, ба Вазорати тандурустии Исроил таъкид кардааст, ки ҳаргиз чунин хабареро нашр накардааст ва ҳисобе, ки дар Твиттер ба номи ӯ буда, хабари мазкур дар он гузошта шудааст, дар асл аз ӯ нест ва қалбакист.
Ба таваҷҷӯҳи харҳои одамсурат-аъзои ҳизби наҳси наҳзат!
Борҳо навиштаам, ки шумо хар ҳастед!
Борҳо навиштаам, ки шумо муқаддасот надоред!
Борҳо навиштаам, ки шумо ҳамаруза арзишҳои исломиро поймол мекунед!
Борҳо навиштаам, ки шумо аз аввали солҳои 90-ум инҷониб исломи азизро қурбони нафси худ мекунед!
Борҳо навиштаам, ки шумо дар зери байрақи ислом ҳазорҳо одамони бегуноҳро куштаед!
Борҳо навиштаам, ки шумо ҳануз аввали солҳои 90-ум бо амалҳои зиштатон дар майдонҳои Душанбе Ҳизби наҳзатро ба мардуми Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ муаррифӣ кардед!
Шумо ворисони харҳои одамсурати ҳазор қабл ҳастед, ки Абу Алӣ ибни Синоро кофир эълон карданд ва маҷбур сохтанд, ки аз Бухоро фирор кунад. Ва ин тоҷики бузурги асри даҳи мелод дар ҳақи шумо барин харҳои одамсурат чунин навишта буд:
Бо ин ду се нодон, ки чунин медонанд,
В-аз чаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ,
Хар к-у на хар аст кофараш мехонанд!
Баъди ҳазор сол шумо дигар нашудед! Ҳамонеду ҳамон!
Инсон мариз шудааст, эй харҳои одамсурат! Муҳим нест, ки ӯ фарзанди Президент аст, ё подабон!
Аз маризии инсон табли шодӣ мезанед, ба рақс медароед?! Мисли рақси дасто ба дастатон дар Варшава баъди созмон ёфтани «Паймони миллӣ»-и дурӯғинатон?! 
Ҳамин СИДДИҚИ АКБАР - МУАЛЛИФИ "ХУШХАБАР" яке аз фейкҳои хари аз ҳама бузург ва раҳбари харҳои одамсурат МУҲИДДИН КАБИРӢ АСТ!
МИРЗО САЛИМПУРИ ОҚИ ДОДАР ( ДОДАРАШ ӮРО БАРОИ ОН КАРД, КИ АЗ НОМИ ПАДАРАШ ШАРМ ДОШТА НАСАБАШРО ДИГАР КАРДА БУД) аввал хабари маризии Рустамро дар сомонааш пахш карду, баъд аз тарси он ки ҳазорон нафрин ба сараш мерезад, зуд хабарро руфт. Сад лаънат ба ту Мирзои хабис!
Аз даргоҳи худованд ба РУСТАМ шифои комил мехоҳам!
 
Саломиддин Мирзораҳматов, журналист

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.