“БАРҚИ ТОҶИК” – 101 МЛН, ТОҶИКТЕЛЕКОМ – 35 МЛН... РӮЙХАТИ КОРХОНАҲОИ АЗ АНДОЗ ҚАРЗДОР

Pаиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода

Бино ба рӯйхати Кумитаи андоз, ин корхонаҳо аз ҳисоби андоз қарзи аз ҳама бештар доштаанд:

 

"Барқи тоҷик” – 101 миллион сомонӣ

"Таком” ("Билайн”) – 79 миллион сомонӣ

"Тоҷиктелеком” – 35 миллион сомонӣ

"Алюминии тоҷик” – 24 миллион сомонӣ

Фонди Яғноб - 21,8 миллион сомонӣ

"Ресандаи Қӯрғонтеппа” – 18,7 миллион сомонӣ

ҶСК "Индиго Тоҷикистон" (TCell) – 18 миллион сомонӣ

Кони ангишти"Назарайлоқ" - 9,4 миллион сомонӣ

"Умед-88” - 4,2 миллион сомонӣ.

 

Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати корхонаҳову ширкатҳоеро нашр кард, ки аз ҳисоби андоз миллионҳо сомонӣ қарздор мебошанд.

Ин рӯйхатро раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода рӯзи 8 феврал дар нишасти хабарии ин кумита ба хабарнигорон ироа кард. Дар маҷмӯъ қарзи корхонаҳову ширкатҳо аз ҳисоби андоз 768 миллион сомонӣ қарздор будаанд.

Дар нишасти ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Нусратулло Давлатзода барои ҷамъ наовардани маблағҳои андоз шадидан интиқод карда буд.

Бино ба рӯйхати Кумитаи андоз, ин корхонаҳо аз ҳисоби андоз қарзи аз ҳама бештар доштаанд:

 

"Барқи тоҷик” – 101 миллион сомонӣ

"Таком” ("Билайн”) – 79 миллион сомонӣ

"Тоҷиктелеком” – 35 миллион сомонӣ

"Алюминии тоҷик” – 24 миллион сомонӣ

Фонди Яғноб - 21,8 миллион сомонӣ

"Ресандаи Қӯрғонтеппа” – 18,7 миллион сомонӣ

ҶСК "Индиго Тоҷикистон" (TCell) – 18 миллион сомонӣ

Кони ангишти"Назарайлоқ" - 9,4 миллион сомонӣ

"Умед-88” - 4,2 миллион сомонӣ.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон