расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Раиси "Қирғизистон" гуфт, рақибон талоши аз саҳна берун кардани онҳоро доранд

. / Ҷомеа

Раиси "Қирғизистон" гуфт, рақибон талоши аз саҳна берун кардани онҳоро доранд


Канатбек Исоев

Канатбек Исоев, раиси Ҳизби "Қирғизистон"-и ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки намояндаи ҳизбаш барои иштирок дар интихоботи порлумонии тирамоҳи соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳоро дар фурсати муайяншуда супоридааст.
Ҷанҷол дар комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистонро Исоев талоши рақибон дар амри аз саҳна берун кардани ҳизби "Қирғизистон" номид.
"Онҳо аз рақобати одилона саркашӣ мекунанд. Ҳизби "Қирғизистон" дар интихоботи гузашта бештар аз 200 ҳазор раъй гирифта буд, имрӯз зарфияти он бештар шудааст. Рақибон, мутаассифона, аз рақобати одилона саркашӣ мекунанд", - гуфт Исоев дар як нишасти хабарӣ.
Яке аз даъвои рақибон дар сабти номи номзадҳои ҳизби "Қирғизистон" ин аст, ки намояндаи ҳизб зане таъйин шудааст, аммо ҳуҷҷатҳои ҳизбро каси дигар, як мард ба комисияи марказии интихобот овард. Канат Исоев гуфт, ҳуҷҷатҳоро намояндаи ҳизб дар асоси ваколатнома ба комисия бурдааст.
Ислоҳи замони воридшавии намояндаи ҳизби "Қирғизистон"-ро ба комисияи интихоботӣ Исоев бар души кормандони комисия вогузор кард. Ба гуфтаи вай, ҳизб дар ин кор дахолате накардааст.
Раиси ҳизб афзуд, дар сурате, ки агар мақомот ҳизби онҳоро ба интихобот роҳ надиҳанд, тавассути "роҳҳои ҳуқуқӣ" ин тасмимро тағйир хоҳанд дод.
Бино ба қонунгузории Қирғизистон, комисияи интихоботӣ мебоист, расо соати 18:00 дақиқаи рӯзи 24 август қабули ҳуҷҷатҳоро барои иштирок дар интихобот қатъ мекард. Ахиран дар комисияи интихоботӣ ҷанҷол бархост - намояндагони ҳизбҳои сиёсии дигари он кишвар мегӯянд, намояндаи Қирғизистон натавонист, ки дар муҳлати муайяншуда ҳуҷҷатҳои худро ба комисия супорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.