АВВАЛИН ЧАРХАИ НИРӮГОҲИ РОҒУН 16 НОЯБР БА ТАВЛИДИ БАРҚ ШУРӮЪ МЕКУНАД

Пиетро Салини, роҳбари ширкати Salini Impregilo – масъули бунёди нирӯгоҳи Роғун, рӯзи 31 январ баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  гуфт, чархаи якуми нирӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли ҷорӣ ба тавлиди барқ шурӯъ мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, соли 2018 ду чархаи Роғунро ба кор медарорад, вале ахиран эълон шуд, ки дар сохтмони Роғун мушкилоте пеш омадааст.

Пиетро Салини, роҳбари ширкати Salini Impregilo, ширкати итолиёвие, ки масъулияти бунёди нирӯгоҳи Роғунро бар ӯҳда дорад, рӯзи 31 январ баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, чархаи якуми ин нирӯҳои барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор медарояд ва ба тавлиди барқ шурӯъ мекунад.

Аз ин суҳбати Пиетро Салини бо хабарнигорон хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар” чунин нақли қавл кардааст: Имрӯз ба майдони сохтмони Нурӯгоҳи барқи обии «Роғун» рафтам ва оид ба сафари худ ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ахборот пешниҳод намудам. Дар майдони сохтмон корҳо пеш мераванд ва дар қитъаҳои алоҳидаи он шумораи зиёди сохтмончиён фаъолият доранд. Аз пешрафти кор хеле хушҳол ҳам шудам ва ба Ҷаноби Олӣ ваъда додам, ки агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда хоҳад шуд. Ҳамаи сохтмончиёни НБО «Роғун» имрӯз ифтихорманд ҳастанд, ки дар бунёди чунин иншооти таърихии гидроэнергетикӣиштирок менамоянд. Барои Ширкати «Салини Импреҷило» низ муҷиби ифтихор аст, ки дар бунёди ин иншооти азим саҳми худро мегузорад».

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати Salini Impregilo масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти нирӯгоҳи Роғун ва ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Як мавзӯи матруҳа дар ин мулоқот таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ будааст: "Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.”

Дар ин ҳафта мақомоти Тоҷикистон эътироф карда буданд, ки дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун "баъзе мушкилот” пеш омадааст, вале талош хоҳад шуд, то тибқи нақша, ду чархаи ин нирӯгоҳи муҳим дар соли ҷорӣ ба кор андохта шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи Роғун бо 6 чархаи иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаВаттро як василаи асосӣ барои билохира расидан ба яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегиаш – истиқлолияти энергетикӣ мешуморад.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар 90-километрии шарқи Душанбе ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфт, вале то суқути Шӯравӣ дар соли 1991 нотамом боқӣ монда буд. Сели азими соли 1993 сарбанди қисман бардошташудаи ин нирӯгоҳро шуста бурд ва ҷанги хунини шаҳрвандӣ низ дигар монеи идомаи сохтмони Роғун шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 1992 барои анҷоми сохтмони Роғун бо Покистон ба маблағи 500 миллион доллар шартнома имзо кард, ки ба сабаби оғози ҷанг дар рӯи қоғаз монд.

Дар соли 1994 ҳукумати Русия бо имзои як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон сохтани ин нирӯгоҳро ба дӯши худ гирифт, вале ба ваъдааш амал накард.

Дар соли 2004 Русия ин дафъа тавассути ширкати "РусАл” бори дигар бунёди нирӯгоҳи Роғунро бар ӯҳда гирифт, вале ба ин ваъдааш ҳам амал накард ва "РусАл” дар соли 2006 эълон кард, ки аз тарҳи Роғун ба далели ихтилофи назараш бо мақомоти Тоҷикистон бар сари шеваи сохтмони сарбанди нирӯгоҳ хориҷ мешавад.

Дар соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон ба оғози мустақилонаи бунёди Роғун азм кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ ҳанӯз сохтаношуда аз мардум ва корхонаҳо қариб 900 миллион сомонӣ, ки бо қурби он замон ба беш аз 200 миллион доллар баробар буд, ҷамъ овард.

Ин азми Душанбе ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноб, бахусус Узбекистон рӯбарӯ шуд ва Тоҷикистон барои ташхиси сӯди зиёни тарҳи Роғун Бонки ҷаҳониро даъват кард. Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба тарҳи Роғун баҳои мусбат дод.

Дар пай ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарордод умури сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба ширкати итолиёии "Salini Impregilo” супурд ва моҳи октябри соли 2016 расман ба сохтани сарбанди ин нирӯгоҳ оғоз кард. Ҳамин тавр, ду моҳ пеш ҳукумати Тоҷикистон бо фурӯши бондҳои қарзиаш 500 миллион доллар ҷамъ овард, ки гуфта мешавад, дар бунёди нирӯгоҳи Роғун сарф хоҳад шуд.

Вале бо гузашти ду сол аз арзёбии мусбати Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон то ҳол ба дарёфти 4 миллиард доллари лозим барои тарҳи Роғун муваффақ нашудааст. . Корҳои барқарорсозӣ дар маҳалли сохтмони ин нирӯгоҳ аз соли 2010 ба ин тараф аз ҳисоби буҷаи давлатӣ иҷро мешаванд. Ҳар сол дар буҷаи Тоҷикистон барои сохтани Роғун то 2 миллиард сомонӣ ҷудо мекунанд.

Тоҷикистон мехоҳад барқи Роғунро асосан аз тариқи хатти КАСА-1000 ба Афғонистону Покистон бифурӯшад ва ба азоби бебарқӣ дар худи ин кишвар низ билохира нуқта гузорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон