расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Жээнбеков истеъфо дод: "Хун намерезам"

Асосӣ / Сиёсат

Жээнбеков истеъфо дод: "Хун намерезам"

"Ман намехоҳам президенте бошам, ки хуни мардумро бирезонад"

Сурат: kg.akipress.org
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод. Ӯ дар як муроҷиатнома ба мардуми Қирғизистон, ки чанд лаҳза пештар нашр шуд, гуфт бар асари ташдиди вазъи сиёсии кишвар истеъфо мекунад.
Матни расмии истеъфои Жээнбековро дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии ин кишвар паҳн кардааст. Дар он гуфта мешавад: 
"Ҳамватанони азиз!
Вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ дар пойтахти кишвари мо Бишкек шадид боқӣ мемонад.
Дирӯз Жогорку Кенеш (Маҷлиси намояндагон) ҳайати ҳукуматро таъйид кард, ман фармони президентро дар бораи ин таъинот содир кардам. Вале ин вазъро сабук накард. Мутаассифона, таҳоҷум ҳамчунон идома дорад, талаби истеъфои сареи ман давом дорад.
Вазъи ҳозир наздик ба низоъи дуҷониба аст. Аз як сӯй - эътирозгарон, аз сӯйи дигар - мақомоти қудратӣ. Низомиён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззафанд, ки барои ҳимояи қароргоҳи президент аз силоҳ истифода бибаранд. Дар ин сурат хунрезӣ мешавад. Ман ҳамаи тарафҳоро даъват мекунам, ки ба иғвоҳо дода нашаванд.
Ҳамватанони азизи ман!
Барои ман сулҳ дар Қирғизистон, тамомияти кишвар, ваҳдати мардум ва оромӣ дар ҷомеа болотар аз ҳама чиз аст. Барои ман чизе арзишмандтар аз ҷони як ҳамватанам нест. Ман барои ҳифзи қудратам талош намекунам. Намехоҳам дар таърихи Қирғизистон раисҷумҳуре бошам, ки хун резонд ва ба сӯйи шаҳрвандони худаш тир андохт.Аз ин рӯ, тасмим гирифтам истеъфо кунам.
Аз Жапаров ва сиёсатмадорони дигар даъват мекунам, ки ҷонибдоронашонро аз пойтахти кишвар берун бикашанд ва зиндагии оромии бишкекиёнро баргардонанд. Ҳеҷ ҳукумате болотар аз тамомияти кишвари мо ва ризоят дар ҷомеа нест. Худованд ҳамаи моро нигаҳбон бошад, бигзор сулҳу оромӣ дар хоки мо ҳукмфармо бошад!"

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.