расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » “Эсхата” соли оянда дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад

. / Варзиш

“Эсхата” соли оянда дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад

Қаблан тими “Равшан”-и Кӯлоб низ ба ин натиҷа ноил гардида буд.

Сурат: ФФТ
То анҷоми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон дастаи футболи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ба Лигаи олии футболи мамалакат роҳхат гирифт. Қаблан тими “Равшан”-и Кӯлоб низ ба ин натиҷа ноил гардида буд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон рӯзи 14 октябр бозии мавқуфгузоштаи даври 16-ум доир гардида, дар он “Эсхата” дастаи “Равшан”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Ба ин тариқ, ду давр пеш аз анҷоми мусобиқа дар Лигаи якум ду дастае муайян шуданд, ки ба Лигаи олии футболи мамлакат роҳхат гирифтанд. “Равшан”-и Кӯлоб ва “Эсхата”-и Хуҷанд соли оянда дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.
Дар навбати худ, дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Локомотив-Помир”-и Душанбе Лигаи олиро тарк карда, дар мавсими соли оянда дар Лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.