РАҚИБИ АСОСИИ ПУТИНРО БА ИНТИХОБОТ РОҲ НАДОДАНД (ВИДЕО)

Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯзи 25 декабр номзадии Алексей Навалний барои ширкат дар интихоботи моҳи марти президентиро ба далели доғи судӣ доштанаш рад кард. Навалний гуфт, додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳукми додгоҳҳои Русияро ғайриқонунӣ бароварда, ҳаққи ширкаташ дар интихоботро тасдиқ кардааст, вале комиссияи интихобот ин ваҷҳро қабул накард.

 

Аз 15 узви Комиссияи марказии интихоботи Русия 12 нафар ба зидди сабти номзадии Алексей Навалний овоз дода, як нафар – Николай Левичёв ба далели ин ки дар интихоботи 5 сол пеши шаҳрдори Маскав рақиби Навалний буд, аз овоздиҳӣ дар ин масъала худдорӣ кард.

Элла Памфилова, раиси Комиссияи марказии интихобот дар оғози ҷаласа гуфт, ки ин ниҳод ба асноди пешниҳодкардаи Навалний ва гурӯҳи ӯ эроде надоранд: "Дар масъалаи асноди Навалний эроде нест, ҳама чиз дуруст таҳия ва пешниҳод шудааст.”

Борис Эбзеев, узви комиссияи интихобот дар шарҳи сабабҳои рад кардани номзадии Навалний гуфт:"Ҷинояте, ки ба дӯши Алексей Анатолевич бор карда мешавад, аз ҷумлаи ҷиноятҳои сангин аст. Доғи судии ӯ то ҳол боқӣ мондааст, он бекор карда нашудааст ва мӯҳлаташ ҳам нагузаштааст.”

Алексей Навалний, ки низ дар ҷараёни баррасии номзадиаш дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ваҷҳҳои худро овард. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳукмҳои ба зидди ман содиркардаи додгоҳҳои Русияро ғайриқонунӣ баровард. Дар қарори додгоҳи Аврупо банди махсусе ҳаст, ки мегӯяд, Навалний ҳаққи ширкат дар интихоботро дорад.”

Аммо Элла Памфилова, раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия гуфт, ин ниҳод наметавонад ба таври мустақим қарорҳои додгоҳи Аврупоро иҷро кунад ва ҳамин тавр, ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро нодида бигирад.

Навалний гуфт, Комиссияи марказии интихоботи Русия ҳамчун як ниҳоди мустақил бояд тамоми паҳлуҳои масъаларо баррасӣ кунад. Ӯ гуфт, ба фарқ аз номзадҳое, ки ҳамту барои намоиш ба интихобот роҳ дода мешаванд ва парвое ҳам надоранд, ки оё ба онҳо касе овоз медиҳад ё на, дар пушти вай миллионҳо нафаре истодаанд, ки дар сурати роҳ надодани номзадии Навалний дар интихоботи президентии моҳи марти соли 2018 ширкат нахоҳанд варзид.

Аммо бо ин вуҷуд, Комиссияи марказии интихоботи Русия номзадии Навалнийро напазируфт.

 

Алексей Навалний тоза рӯзи 24 декабр аснодашро барои сабти ном ба ин ниҳод пешниҳод карда буд. Ӯ дар пайи эълони қарори Комиссияи интихобот гуфт, ки "аз он ба Додгоҳи конститутсионӣ ва ба ҳар куҷои дигаре ки имкон дорад, шикоят хоҳад бурд."

Алексей Навалний соли 1976 дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав ба дунё омада, дар ибтидои солҳои 2000-ум ибтидо зери шиорҳои миллатгароёна ба сиёсат рӯ овард. Додгоҳи вилояти Кирови Русия дар соли 2013 Навалнийро дар робита ба парвандаи "Кировлес” ба 5 соли шартии зиндон маҳкум кард. Дар соли 2014 Навалний дар робита ба парвандаи "Ив Роше” боз ба севуним соли дигари зиндони шартӣ маҳкум шуд.

Худи ӯ ва тарафдоронаш ин парвандаҳоро сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, атрофиёни президент Владимир Путин ба ин васила мехоҳанд аз ширкати чунин рақиби билқувва дар интихоботи президентӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Навалний солҳои охир бо ифшои мавридҳои коррупсия дар зинаҳои болоии давлати Русия шӯҳрати зиёд пайдо кард. ФБК (Сандуқи мубориза бо коррупсия)-и Навалний як силсила филмҳои мустанаде нашр кард, ки дар он дар бораи чигуна дуздӣ шудани миллиардҳо доллар аз ҷониби мансабдорони баландпоя қисса мешавад.

Алексей Навалний дар масъалаи муҳоҷирон ҷонибдори боз ҳам шадидтар кардани сиёсати ҳукумати Русия буда, аз ҷумла чандин бор масъалаи ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказиро пешниҳод кардааст.

Интихоботҳои президентии Русия дар даврони Путин ҳарчӣ бештар ба интихоботҳои Осиёи Марказӣ монанд мешаванд. Ба ин корзор мисли давлатҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили раҳбари кишвар танҳо чанд номзади "тайёршуда” роҳ дода мешаванд, ки вазифаашон асосан демократӣ ва алтернативӣ ҷилва додани ин маъракаҳост. Путин ахиран бидуни бурдани ном Навалнийро ба Михаил Саакишвили монанд кард ва гуфт, ҳадафи чунин афрод аз дохил шикастани низоми сиёсии шаклгирифта дар Русия аст, вале ӯ ба ин роҳ нахоҳад дод.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон