расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Паҳшншавии бештари коронавирус дар Аврупо

. / Ҷаҳон

Паҳшншавии бештари коронавирус дар Аврупо


Корхонаи истеҳсоли мошинҳои SKODA дар Ҷумҳурии Чех

Дар қораи Аврупо ҳодисаҳои ошкоршавии бештари олудагӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад, бархе ҳукуматҳо аз паи сахттар кардани меъёрҳои маҳдудкунанда мешаванд, вале айни замон мақомот дар фикри дубора масдуд кардани иқтисод нестанд. Дар Украина бо 42 миллион аҳолӣ дар як моҳи гузашта шумори олудашудаҳо ба COVID-19 ду баробар зиёд шуд ва рӯзи 8-уми октябр омори олудашудаҳо ба наздики 245 ҳазор нафар, аз ҷумла 4690 ҳодисаи марг баробар шуд. Дар ин кишвар 20 ҳазор нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Дар Ҷумҳурии Чех мақомот гуфтанд, ки давоми ду ҳафта баргузории чорабиниҳои варзишиву фарҳангиро дар муассисаҳои баста иҷоза намедиҳанд. Дар ин кишвар дар як шабонарӯзи ахир наздики 5400 нафари нави олудашуда ба коронавирус ошкор шудааст. Мақомот гуфтанд, ки тарабхонаҳо баъди соати 8-и бегоҳ баста шуда, шогирдони синфҳои калонтари мактабҳои ибтидоӣ бонавбат дар шароити мактабу хона таҳсилро пеш мебаранд. Дар Олмон, ки ду рӯз пеш беш аз 2800 ҳодисаи олудагӣ ба қайд гирифта шуд, дар рӯзи гузашта 4058 ҳолати нави гирифторӣ сабт шуд. Ҳукумат ҳушдор дод, ки ин кишвар метавонад назорат бар пандемияро аз даст диҳад. Дар Полша, ки ҳамчунин афзоиши 40-дарсадии рӯзонаи гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад, аз 10-уми октябр пӯшидани ниқоби тиббӣ дар кӯчаҳо ҳатмӣ мешавад. Эҳтимоли ҷорӣ шудани ҳолати фавқулодда ҳам вуҷуд дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.