расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҳузури 19-сола дар Афғонистон. Амрико ба ҳадафҳояш расид?

. / Сиёсат

Ҳузури 19-сола дар Афғонистон. Амрико ба ҳадафҳояш расид?


Дар пайи ҳамлаи низомиёни амрикоӣ, вилоятҳои Афғонистон яке пайи дигар аз назорати Толибон хориҷ шуд. Пас аз он гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар шаҳри Бонни Олмон барои ташкили як ҳукумати "фарогир" ба созиш расиданд.
Ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон пас аз он сурат гирифт, ки шабакаи "Ал-Қоида" ҳамлаҳои 11-уми сентябрро аз Афғонистон созмондеҳӣ кард. Ал-Қоида аз ҳимояти ҳукумати он замони Толибон бархӯрдор буд. Амрико он замон барои аз байн бурдани "Ал-Қоида" ба Афғонистон ҳамла кард ва режими Толибонро суқут дод.
Дар ин миён миллионҳо духтару писар роҳии мактаб шуданд, ҳуқуқи занон ба расмият шинохта шуд, Афғонистон дорои Қонуни асосии нав гашт ва мардум дар низоми нав чаҳор бор дар интихоботи президентӣ ва се бор барои интихоби аъзои порлумон раъй доданд.
Ҳоло, ки 19 сол аз ин ҳамла мегузарад, расонаҳо ва озодии баён дар Афғонистон рушди чашмгире карда ва тағйироти зиёде ба миён омадааст. Аммо бо он ҳам Толибон бори дигар ба як қудрати ҷангӣ табдил шудаанд.
Амрико ва муттаҳидонаш дар ин ҷанги 19-сола дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор кушта доданд ва тавонистанд Усома бин Лодин, раҳбари пешини "Ал-Қоида"-ро дар Покистон аз байн баранд. Аммо дигар бахшҳое аз Афғонистон дар тасарруфи Толибон қарор гирифтааст.
Амрико 19 сол пас аз ҳамлаи худ ба Афғонистон бо Толибон созишномаи овардани сулҳ ба ин кишварро имзо кард ва хуруҷи комили худро аз ин кишвар эълон кардааст.
Толибон дар эъломияе бо ишора ба созишномаи сулҳи бо Амрико навиштааст, ки ин гурӯҳ ба амалӣ кардани бандҳои ин тавофуқнома пойбанд аст.
Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мегӯянд, ки Амрико натавонист ба ҳадафҳояш дар Афғонистон бирасад.
Ҷовид Кӯҳистонӣ, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, маҷмуае аз ҳадафҳоеро, ки Амрико дошт ба ҳеҷ яке аз онҳо даст наёфт ва бо касоне, ки онҳоро террорист мехонд, созишнома имзо кард. Ӯ созиши Амрико бо Толибонро "шикаст" медонад.
Ба гуфта ин таҳлилгари низомӣ, ҳарчанд Ал-Қоида дар ҳоли ҳозир ҳамчун як таҳиди бузург дар Афғонистон нест, аммо ин гурӯҳ ҷуғрофиёи ҳузурашро тағйир додааст. Ӯ ба ин бовар аст, ки Афғонистон дар оянда метавонад барои ҷаҳон, ба хусус Амрико як бори дигар ба таҳдид табдил шавад.
Аммо Файзуллоҳ Ҷалол, коршиносии сиёсӣ назари дигар дорад. Ӯ созиши Амрико бо Толибон ва эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишварро "шикаст" намедонад. Ба бовари ӯ, Амрико барои наҷоти худ аз Афғонистон роҳи ҳалли сиёсӣ ҷустуҷӯ кардааст.
Ҳукумати Афғонистон низ пеш аз ин гуфтааст, ки Афғонистон барои мубориза бо ифротгароӣ ба ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.