расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ гуфт, Навалний аз "Новичок" заҳролуд шудааст

. / Ҷаҳон

Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ гуфт, Навалний аз "Новичок" заҳролуд шудааст


Алексей Навалний, аз мухолифони саршиноси ҳукумати Русия.

Созмони манъи силоҳи кимиёӣ (СМСК) гуфт, 5 октябр гузориши худ дар бораи қазияи заҳролудсозии мухолифи рус Алексей Навалнийро ба ҳукумати Олмон фиристод. Мақомоти Олмон пештар аз ин созмон дар робита ба парвандаи заҳролудшавии Навалний кумаки техникӣ дархост карда буданд.
Ба иттилои сомонаи СМСК, озмоишҳо нишон додаанд, мухолифи рус бо маводе заҳролуд сохта шудааст, ки ба гуруҳи "Новичокҳо" шомил мешавад.
Дар матлаби "Медиазона" қайд шуда, ки натиҷаи озмоишҳои СМСК хулосаи озмоишгоҳҳои Олмон, Шветсия ва Фаронсаро тасдиқ мекунад, ки гуфта буданд, Навалний бо "Новичок" заҳролуд карда шудааст.
Ҷонибдори мухолифи рус Леонид Волков гуфт, ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки барномаи истеҳсол ва такмилсозии "Новичок" ҳанӯз ҳам дар Русия фаъолона рушд дода мешавад.
Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) пештар гуфта буданд, агар СМСК фарзияи заҳролудсозии Навалнийро тасдиқ кунад, ИА имкони эъломи таҳрим зидди Русияро дар робита ба истифодаи силоҳи кимиёӣ баррасӣ мекунад.
Алексей Навалний дар ҳоли ҳозир дар Олмон қарор дорад. Ӯ аллакай аз бемористони Charité рухсат шудааст. Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.