расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Тоҷикистон аз оғози сол ба маблағи $90 млн алюминии аввалия содирот кард

. / Иқтисодиёт

Тоҷикистон аз оғози сол ба маблағи $90 млн алюминии аввалия содирот кард

Ҳаҷми коркардиин металл дар дохили ҷумҳурӣ афзуд.

Сурат: sanoat.tj
Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон 6,2 ҳазор тонна алюминии аввалияро коркард намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ин нишондиҳанда нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ба миқдори 105 тонна зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, аз металли коркардшуда асосан профилҳои алюминии гуногун ва профилҳои пластикӣ истеҳсол шуда, инчунин алюминий дар истеҳсоли техникаи кишоварзӣ истифода мешавад.
Маҳсулот ба Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон  ва давлатҳои Аврупо содирот шудааст.

Таъкид мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 61 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст.
Дар ин давра алюминии аввалия дар ҳаҷми 57,4 ҳазор тонна ба маблағи 924 млн сомонӣ (90 млн доллар) асосан ба Аврупо содирот гардидааст.
Дар Вазорат зикр мекунанд, ки дар истеҳсоли алюминии аввалия айни замон зиёда аз 5,7 ҳазор нафар машғули кор буда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомонӣ (137 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.