расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ САРДОРИ СОБИҚИ ЗИНДОНҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ПОЛКОВНИК ШУКУРОВ АЗ “ИЛТИҲОБИ ШУШ”

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ САРДОРИ СОБИҚИ ЗИНДОНҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ПОЛКОВНИК ШУКУРОВ АЗ “ИЛТИҲОБИ ШУШ”


Полковник Абдуҷамил Шукуров, сардори собиқи раёсати зиндонҳои вилояти Суғд дар синни 68 аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи ӯро дар зодгоҳаш – ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ба хок супурдаанд. Як манбаъи наздик ба хонаводаи марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, полковник Шукуров барои табобат дар Бемористони клиникавии Суғд ба иллати "илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буд, вале рӯзи 25 сентябр ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Даргузашти полковник Абдуҷамил Шукуров, собиқ сардори Раёсати зиндонҳои Суғд

Абдуҷамил Шукуров, собиқ сардори Раёсати зиндонҳо дар вилояти Суғд дар синни 68 солагӣ аз олам даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik.Як манбаъи наздик ба хонаводаи марҳум ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард ва гуфт, ки Шукуров барои табобат ба Бемористони клиникавии Суғд бо иллати "илтиҳоби шуш” интиқол шуда буд, вале рӯзи 25 сентябр ҷон ба Ҷонофарин супурд.
"Шукуров дар хона табобат мегирифтанд. Ду се рӯзи пеш ба Бемористон интиқол ёфтарӯзи 25 бандагӣ кардаанд”, - гуфт манбаъ.
Полковник Абдуҷамил Шукуров соли 1952 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Ӯ бештар аз чиҳил сол дар муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди вилояти Суғд кор кардааст. Аз ҷумла то соли 2002, ҳудуди бист сол сардори зиндони № 3/5 дар шаҳри Хуҷанд буд. Соли 2003 ба ибтикори Шукуров дар вилояти Суғд, Раёсати зиндонҳо таъсис дода шудааст.

Аз 2003 то соли 2009 Шукуров дар вазифаи сардори ин Раёсат кор карда, сипас ба нафақа баромадааст.
Бино ба иттилоъи манобеъ, ҷанозаи Абдуҷамил Шукуров дар зодгоҳаш деҳаи Хистеварз баргузор шудааст.
Рӯзи 26 сентябр дар маросими фотиҳахонӣ дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар маҳаллаи 13 уми Хуҷанд ба ҳисоби пайвандону дӯстони марҳум, шумори зиёди низомипӯшон иштирок кардаанд.
Собиқ сардори Расати зиндонҳои Суғд Абдуҷамил Шукуров аз шумори даҳҳо полковникҳо аст, ки дар замони хуруҷи пандемияи "вируси корона” дар айни бознишастагӣ зиндагиро тарк карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.