расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Театри Лоҳутӣ сарфи назар аз коронавирус мавсими навро оғоз кард

. / Ҷомеа

Театри Лоҳутӣ сарфи назар аз коронавирус мавсими навро оғоз кард

Аммо бо риояи қоидаҳои шадиди беҳдоштӣ

Сурат: аз Интернет
Театри давлатии академии драмаи Лоҳутӣ 29 сентябр баъди таваққуфи тӯлонӣ бар асари бемории коронавируси COVID 19, мавсими театрии навро оғоз мекунад. Аммо масъулони Театр мегӯянд, намоишномаҳо бо риояи қатъиии қоидаҳо ва чораҳои шадиди беҳдоштӣ ба тамошобинон пешниҳод мекунанд.
Лутфулло Давлатов, раиси тетари Лоҳутӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз вазорати фарҳанг пешниҳоди намоишномаҳоро манъ карда буд, ҳоло барои теъдоди маҳдуди тамошобинон иҷоза додааст.
“Аммо мо вобаста ба вазъияти беҳдоштӣ дар кишвар минбаъд амал мекунем. Агар шароити беҳдоштӣ ва ниҳодҳои дахлдор иҷоза диҳад, мо бо ирсоли мактуб масъалаи ҷалби хонандаҳои мактаб ва донишҷӯёнро низ баррасӣ мекунем”,- гуфт Давлатов.
Ин раҳбари театр мегӯяд, ки онҳо пеш аз намоишномаҳо ҳарорати бадани тамошобинонро месанҷанд, онҳоро дар фосилаҳои муқарраркарда мешинонанд ва ҳамчунин истифодаи маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ниқобҳои тиббиро низ ҷиддӣ мегиранд.
Дар назар аст дар мавсими нав намоишномаҳои “Ташвиш”,  “Ишқи Ватан”, “Хостгорӣ”, “Диаген” ва “Фирдавсӣ” рӯйи саҳна гузошта шаванд. Мавсим бо намоишномаи “Фирдавсӣ” соати 17.30-и 29 сентябр оғоз мешавад.
Ҳамчунин Театри русии драмаи Маяковский низ рӯзи 3 октябр дари худро боз мекунад, ки дар назар аст соати 15.00 намоишномаи "Гуноҳи Қобил"-ро ба намоиш бигузорад. Театри давлатии ҷавонон ҳам рӯзи 3 октябр кори худро бо намоиши "Зани оҳанин" оғоз мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.