расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Дар Душанбе мусобиқаи бокси “Шаби чемпионҳои IBA” баргузор мешавад

. / Варзиш

Дар Душанбе мусобиқаи бокси “Шаби чемпионҳои IBA” баргузор мешавад

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии Душанбе рӯзи 16 феврал мусобиқаи бокси «Ночь чемпионов IBA» (Шаби чемпионҳои IBA) баргузор мешавад. Дар ин бора дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд. Мусобиқа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мегардад.

Дар ин мусобиқа муштзанон аз Тоҷикистону Русия ва Тайвану Озарбойҷон иштирок мекунанд.

“Ин як мусобиқаи пуршукӯҳе хоҳад буд, ки беҳтарин муштзанҳо барои исботи истеъдоди худ ба майдон мебароянд”, - зикр карданд дар Федератсия.
Дар рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарабутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон дӯстдорони бокс шоҳиди он хоҳанд гашт, ки кӣ соҳиби камарбанди IBA дар вазни то 86 кг мешавад.

Сурат: Федератсияи бокси Тоҷикистон
Атаев қаҳрамони дукаратаи Русия ва Домингес дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2020 мебошад.
Шаби чемпионҳои IBA аз силсилаи мусобиқаҳо иборат аст, ки аз соли 2022 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) доир мегардад
Бино ба маълумоти Федератсияи бокси Русия, ғолиби мусобиқа 350 ҳазор доллар ва мағлубшуда - 150 ҳазор доллар мукофотпулӣ мегиранд.Дар доираи и шоуи бокс муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунес барои дарёфти унвони қаҳрамон аз рӯи версияи IBF рақобат мекунад. Раҳимов дар рақобати 12-раунда дар вазни 58,9 кг қувваозмоӣ хоҳад кард.
Ғайр аз ин, тамошобинон метавонанд аз рақобати 8-раунда барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё байни муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов бо Лал Чу-Эн аз Тайван дар вазни 63,5 кг баҳра баранд.
Билетҳоро аз сомонаи Ticketon харидан мумкин аст. Нархи билетҳо аз 50 сомонӣ оғоз мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.