расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Таъини муовини нави вазири корҳои дохилӣ ва 25 сардори нави раёсати ВКД (НОМ БА НОМ)

Асосӣ / Сиёсат

Таъини муовини нави вазири корҳои дохилӣ ва 25 сардори нави раёсати ВКД (НОМ БА НОМ)

Ғайратшо Муборакшозода, ки то ин замон муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ буд, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ ба курсии холимондаи Саиднахш Раҳмонзода, ки чанд рӯз пеш аз вазифа озод ва сардори Раёсати нақлиёти ВКД таъин шуд, такя зад. 
Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад, ки имрӯз, 2-юми феврал Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин кард.
Номи Ғайратшо Муборакшозода дар моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози гурӯҳе аз сокинон дар шаҳри Хоруғ расонаӣ шуд. Мақомот дар эъломияе гуфтанд, ки дар пайи гуё “ҳамлаи яке аз норозиён ва таркиши норинҷак” Муборакшозода ва баъзе аз ҳамроҳонаш маҷруҳ шуданд.
Хадамоти матбуотии роҳбари давлат мегӯяд, ба ғайр аз муовини вазири корҳои дохилӣ, инчунин сардорони 25 раёсати ВКД нав шуданд. 
Аз ҷумла, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ низ нав шудааст. Ба ин курсӣ Рустам Шафизода нишаст. Чанд рӯз пеш сардори ҳамакнун пешини ин раёсат Шариф Назарзода аз мақом озод ва сардори нави Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин шуда буд.
Ҳафиззода Шодӣ ҳам аз вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и ВКД озод ва ба ҷои ӯ Саидаҳтам Ҳотамзода роҳбари ин ниҳод таъин гардидааст. Ҳоло маълум нест, ки Ҳафиззода ба чӣ мансабе таъин шудааст.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Академияи ВКД-ро иваз кардааст. Бо фармони ӯ, Файзалӣ Шарифзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи сардори Академия озод шуда, ба ҷои ӯ Пӯлод Насуриён сардори он таъин шудааст. Насуриён то ин дам дар Академияи ВКД фаъолият мекард.
Ба кадом мансаб таъин шудани ҳамакнун собиқ роҳбари Акдемияи ВКД маълум нест.
Сомонаи ВКД ному насаби нафароне, ки ба мансабҳо таъин шуданд, нашр кардааст:
- генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД;
- полковники милитсия Саидаҳмад Маҳмадҷонзода, сардори Раёсати таҳқиқи ВКД;
- полковники милитсия Абдуҷаббор Мирализода, сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД
- полковники милитсия Ҳабиб Қаҳҳорӣ, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД;
- полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД;
- подполковники хизмати дохилӣ Давлатбӣ Раҳимзода, сардори Раёсати тиббии ВКД;
- полковники милитсия Саидаҳтам Ҳотамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД;
- полковники милитсия Баҳодур Холиқзода, муовини сардори раёсат, ӯ низ сардори Қисми минтақавии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
- полковники милитсия Даврон Муҳидинзода, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Олимҷон Бурҳониён, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Шералӣ Ҳайдарзода, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб;
- подполковники милитсия Манучеҳр Назарзода, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон;
- полковники милитсия Зафар Саидзода, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кушониён;
- подполковники милитсия Камолиддин Иброҳимзода, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ;
- майори милитсия Абдусаттор Юсуфзода, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрав;
- подполковники милитсия Ҷамшед Шодизода, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
- подполковники милитсия Сулаймон Абдуллоев, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рушони ВМКБ;
- подполковники милитсия Раҳматулло Расулзода, сардори шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт;
- подполковники милитсия Алиҷон Қаландарзода, сардори шуъбаи ВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғди Раёсати ВКД дар нақлиёт;
- майори милитсия Раҷабалӣ Самадзода, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;
- подполковники милитсия Зокир Бурҳонзода, сардори шуъбаи №2 ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Ивази якбора чанд сардори раёсати дастгоҳи ВКД ва Раёсати ин ниҳод дар вилояту шаҳрҳо дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ дар ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон аз фаъолияти роҳбарони мақомоти қудратии вилояти Хатлон интиқод кард ва гуфт, онҳо дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.
Ӯ супориш дода буд, ки сардори Раёсатии ВКД дар вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, шаҳри Бохтар ҳамроҳи муовинонашон, додситонии Хатлон бо муовинонаш, сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, роҳбари Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон ҳамроҳи муовинонаш ва чанде аз сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии ВКД, Додситонии кул, КДАМ, оҷонсиҳои зиддифасоду мубориза бо маводи мухаддир аз вазифа озод шаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.