расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Имрӯз аз Тоҷикистон ҳудуди 1000 мухлис бо 3 ҳавопаймо ба Қатар парвоз мекунанд

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

Имрӯз аз Тоҷикистон ҳудуди 1000 мухлис бо 3 ҳавопаймо ба Қатар парвоз мекунанд

Имрӯз аз Тоҷикистон ҳудуди 1000 мухлис бо 3 ҳавопаймо ба Қатар парвоз мекунанд
Сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзода дар саҳифаи Фейсбукии худ навиштааст, ки имрӯз бо дастгирии ФФТ ҳудуди 1000 мухлис аз тамоми манотиқи кишвар бо 3 ҳавопаймо ба Қатар парвоз мекунанд.
Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки субҳи имрӯз беш аз 60 нафар сокинони Хуҷанд барои шодбошии тими мо - бо дастгирии раҳбарияти вилоят ва шаҳр ба Давҳа парвоз карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯи пеналтӣ) ғолиб омада, тими Урдун бар Ироқ (3:2) ғалаба кард.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар як гурӯҳ рақобат мекунанд.  Дастаҳо 16-уми ноябр дар Душанбе бо ҳам вохӯрданд. Вохӯрӣ мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт.
Имрӯз дар бозии дигари даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ соати 20:30 бозӣ мекунанд.
Рӯзи 3-юми феврал дар ин марҳилаи мусобиқот Эрон - Ҷопон (16:30) ва Қатар - Узбекистон (20:30) бозӣ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.