расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ ФАРИДА МУМИНОВА - ҲУНАРПЕШАИ ШОИСТАИ РУСИЯ ВА ҲАМСАРИ СИТОРАИ КИНОИ ТОҶИК САИДО ҚУРБОНОВ

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ ФАРИДА МУМИНОВА - ҲУНАРПЕШАИ ШОИСТАИ РУСИЯ ВА ҲАМСАРИ СИТОРАИ КИНОИ ТОҶИК САИДО ҚУРБОНОВ

ДАРГУЗАШТИ ФАРИДА МУМИНОВА - ҲУНАРПЕШАИ ШОИСТАИ РУСИЯ ВА ҲАМСАРИ СИТОРАИ КИНОИ ТОҶИК САИДО ҚУРБОНОВ
Фарида Муминова, Ҳунарпешаи шоистаи Русия ва ҳамсари ҳунарпешаи маъруфи театру кинои тоҷик Саидо Қурбонов, рӯзи 31 январи соли 2024 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Солҳои охир Фарида Муминова бо аҳли хонаводааш дар шаҳри Севастопол зиндагӣ мекард. Фарида Шомиловна Муминова 23 ноябри соли 1957 дар шаҳраки Леснойи вилояти Кирови Русия ба дунё омадааст. Падари ӯ ӯзбек ва модараш рус буданд.
Фарида Муминова соли 1974, дар синни ҳамагӣ 17 нахустин нақшаш дар киноро иҷро кард. Ин нақши Гулбаҳор дар филми “Ҷинни ҳафтум”, маҳсули киностудияи “Ӯзбекфилм” буд. 
Фарида Муминова соли 1976 омӯзишгоҳи хореографии Тошкандро ъатм карда, аз соли 1977 то 1979 дар ансамбли машҳури рақии “Баҳор” ҳунарнамоӣ кард. Ӯ сипас барои идомаи таҳсил ба Маскав рафта, соли 1883 риштаи ҳунарпешагии ВГИК (Донишкадаи кинематография)-ро дар устохонаи ҳунарпешаи шуҳратёр Борис Чирков хатм кард ва барои кор ба Душанбе, ба театри русии ба номи Маяковский фиристода шуд.
Фарида Муминова аз соли 1986 то 1991 дар саҳнаи театри русии Душанбе ҳунарнамоӣ кард ва маҳз дар ҳамин ҷо ба ҳунарпешаи тоҷик Сайдо Қурбонов дил баста, бо ӯ издивоҷ кард.
Баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Фарида Муминова ва Сайдо Қурбонов тарки Тоҷикистон карданд. 
Ҳамсари ӯ Саидо Қурбонов аз ҳунарпешаҳои машҳури кинои тоҷики асри 20 дониста мешавад. Саидо Қурбонов 6 июни соли 1947 дар деҳаи Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ба дунё омада, аз соли 1965 дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳунарнамоӣ оғоз кард. Ӯ дар даҳҳо филмҳои “Тоҷикфилм” нақш офаридааст. Саидо Қурбонов баъди ҳиҷраташ ба Русия дар филмҳои русӣ низ нақшҳои зиёде офарида, мисли ҳамсараш Саидо Қурбонов низ сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Русия шудааст. Ӯ аз ангуштшумор ҳунармандони зодаи Тоҷикистон аст, ки сазовори ин унвони баланди фарҳангӣ дар Русия гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.