расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РУСТАМ ХОЛИҚОВ БА ТАСАРРУФИ 50 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПУЛУ МОЛИ “ТОҶИК ЭЙР” АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа

РУСТАМ ХОЛИҚОВ БА ТАСАРРУФИ 50 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПУЛУ МОЛИ “ТОҶИК ЭЙР” АЙБДОР МЕШАВАД

РУСТАМ ХОЛИҚОВ БА ТАСАРРУФИ 50 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПУЛУ МОЛИ “ТОҶИК ЭЙР” АЙБДОР МЕШАВАД
Додгоҳи шаҳри Душанбе дар аввали моҳи январи соли 2024 ба муҳокимаи парвандаи ҷиноятии Рустам Холиқов, раҳбари собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” оғоз кардааст. Дар ин бора Зебдулло Абдуллоев, адвокати шинохтаи тоҷик ва намояндаи ваколатдори ширкати “Тоҷик Эйр” дар як мақола дар сомонаи “СССР”  бо номи “Зараррасони калони авиатсияи тоҷик” хабар дод.
Рустам Холиқов моҳи майи соли 2023 дастгир шуда, дар СИЗО №1 дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Худи Холиқов ваё наздикон ё адвокатҳояш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои Зебдулло Абдуллоев, Рустам Холиқов ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва тасарруфи маблағҳо ва молу мулки “Тоҷик Эйр” ба маблағи махсусан бузург, дар ҳудуди тқрибан 50 миллион доллар (!!!) айбдор мешавад. 
Рустам Холиқов, ки чандин сол раҳбарии ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”-ро дар даст дошт, яке аз нафарони хеле пурнуфуз дар ин соҳа ва ҳатто “султони авиатсияи тоҷик” ном бурда мешуд.
Аммо Зебдулло Абдуллоев, адвокати шинохта, ки дар ин қазия аз манфиатҳои “Тоҷик Эйр” ҳимоят мекунад, дар мақолааш дар “СССР” Холиқовро на “султони авиатсияи тоҷик”, балки “зараррасони калони авиатсияи тоҷик” унвон карда, бархе тафсилоти даъвои ширкати феълан фалаҷшуда нисбат ба раҳбари собиқашро бозгӯ кардааст. Ба ҳисоби намояндаи ваколатдори “Тоҷик Эйр”, дар умум дар натиҷаи аъмол ва исрофкории Халиков Рустам Исуфович ба ҶСК «Тоҷик Эйр» дар маҷмуъ зарар ба миқдори махсусан калон, баробар ба 78 миллиону 043 ҳазору 356 сомонӣ, 62 миллиону 302 ҳазору 602 рублу 23 тин 35 миллиону 986 ҳазору 433 доллару14 сенти амрикоӣ расонида шудааст.  “Аз ин маблағ дар давраи пешбурди парванда Халиков Рустам Исуфович танҳо 30,5 миллион сомониро барқарор намудаасту халос. Дар ҳолати барқарор намудани ҳамаи ин зарар фаъолияти мунтазами молиявии ширкати миллӣ – ҶСК «Тоҷик Эйр» ва парвозҳои ҳавопаймоҳои он аз нав оғоз хоҳад шуд”, – навиштааст Зебдулло Абдуллоев дар мақолааш дар “СССР”. Рустам Холиқов ва наздиконаш то кунун ба ин даъвоҳо ягон посух надодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.