расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ КОРФАРМОЁНИ БЕИНСОФ ДАР РУСИЯ 244 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ МАОШИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКИ ФИРЕБХӮРДАРО РӮЁНДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ КОРФАРМОЁНИ БЕИНСОФ ДАР РУСИЯ 244 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ МАОШИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКИ ФИРЕБХӮРДАРО РӮЁНДААНД

АЗ КОРФАРМОЁНИ БЕИНСОФ ДАР РУСИЯ 244 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ МАОШИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКИ ФИРЕБХӮРДАРО РӮЁНДААНД
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират бо натиҷагии фаъолияташ дар як соли гузаштаи 2023 хабар дод, ки дар давоми сол бо мусоидати мақомоти дахлдори Русия музди меҳнати пардохтношудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳаҷми 244 миллиону 612 ҳазору 402,00 рубл (муодил ба 29 миллиону 353 ҳазору 488,00 сомонӣ, ё беш аз 2,6 миллион доллари Амрико) баргардонида шуд.
Намояндагӣ гуфт, кумаки ҳуқуқӣ ва мусоидат ба муҳоҷирон барои аз корфармоён рӯёндани маоши онҳо ба як самти асосии фаъолияти ин ниҳод дар Русия табдил ёфтааст. Гуфта мешaвад, сабабҳои напардохтани музди меҳнати муҳоҷирон гуногун аст, вале аксаран ба набудани шартномаи меҳнатӣ, номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо ва  баъзан ба норозигии корфармо аз сифати пасти корҳои анҷомшуда вобастагӣ дорад.
“Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад. Дар ин сурат Намояндагӣ бо навиштани аризаи шикоятӣ бо истифодаи камтарин далел масъалаи пардохт нашудаи музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ менамояд, ки одатан мусбат ҳал мешавад”, - зикр шудааст дар ҳисобот.
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Русия амал карда, ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд ва як нусхаи аслии онро пеши худ маҳфуз нигоҳ доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.