расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО: БОЗДОШТИ СОҲИБИ ҚАҲВАХОНАИ “ҶОКЕР” БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ҶАВОНЗАН

Ҷомеа / Ҳаводис

ВИДЕО: БОЗДОШТИ СОҲИБИ ҚАҲВАХОНАИ “ҶОКЕР” БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ҶАВОНЗАН

https://youtu.be/3X5gbIimUgAРВКД Душанбе хабар дод, ки нисбат ба соҳибмулки қаҳвахонаи "Ҷокер” Илҳом Ҳайдаров бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Илҳом Ҳайдаров ба он айбдор мешавад, ки шаби 18 сентябр ҷавонзане бо номи Тахминаро барои напардохтани 300 сомонӣ пули иҷора латтукӯб кардааст. "Аз он сабаб, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда маблағи иҷораро ба пуррагӣ пардохт карда наметавонад, шаҳрванд Ҳайдаров Илҳом ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, ҳамзамон мавриди латукӯб низ қарор додааст”, - гуфта мешавад дар хабари расмӣ. Тахмина чанд рӯз пеш бо сару рӯи пур аз захм ва дасту бадани докапеч дар як видео аз вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва сардори РВКД Душанбе Шариф Назарзода хоста буд, то соҳиби қаҳвахонаро барои чунин бадрафторӣ ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафари гумонбар дастгир карда шуд. Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрвандҲайдаров Илҳом Собирович санаи таваллудаш 13-уми апрели 1997, истиқомтакунандаи ш. Душанбе кӯчаи Деҳотӣ, соҳибмулки қаҳвахонаи мазкур мебошад.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда қаҳвахонаи худро ба ҷавонзани муроҷиаткунанда ба иҷора дода, санаи мазкур барои гирифтани маблағ ба он ҷо рафтааст. Аз он сабаб, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда маблағи иҷораро ба пуррагӣ пардохт карда наметавонад, шаҳрванд Ҳайдаров Илҳом ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, ҳамзамон мавриди латукӯб низ қарор додааст.
Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида, нисбати гумонбаршаванда Ҳайдаров Илҳом бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.