расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДУ МАНЯКИ ХАРАНГОН: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ДУ ДУХТАР ВА ПИНҲОН КАРДАНИ ҶАСАДҲО ДАР ҒОР (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

ДУ МАНЯКИ ХАРАНГОН: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ДУ ДУХТАР ВА ПИНҲОН КАРДАНИ ҶАСАДҲО ДАР ҒОР (ВИДЕО)

Шоми 23 сентябр дар барномаи телевизионии "Ахбори ВКД” тафсилоти ёфт шудани ҷасади ду духтар аз як ғор дар дараи Харангони ноҳияи Варзобро нашр кард. Кормандони ШВКД-2 ва прокуратураи ноҳияи Сино рӯзи 28 август ҷасади Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанберо баъди 2 солу 8 моҳи гум шуданаш ва ҷасади Меҳрафзуни Холмирзои 18-сола аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро баъди 5 моҳ аз ин ғор пайдо карданд. Бо иттиҳоми қатли Меҳрафзун ва Замирамоҳ ду сокини кӯчаи Деҳнаваки болои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе- Дониёр Каримович Сафаров, с.т. 1992 ва Саъдулло Абдуллоевич Раупов, с.т. 1992, дастгир шудаанд.
Дар барномаи "Ахбори ВКД” гуфта шуд, Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе аз аввали соли 2018 ва Меҳрафзуни Холмирзои 18-сола аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз моҳи апрели соли 2020 ҳамчунон шахсони бедаракшуда таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд. Танҳо ахиран ба кормандони мақомот муяссар шуд, ки сирри ин ду ҷинояти пурсарудоро бикушоянд. Ҷасадҳои ҳарду духтарро аз як ғор дар теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд.
Қотилон бо умеди инки дар ин ғори чуқуриаш 50-60 метр ҷасадҳои духтарони кушташударо касе пайдо нахоҳад кард, ҷасадҳои Меҳрафзун ва Замирамоҳро оварда, дар ин ғор таги хок кардаанд.
Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки Дониёр Сафаров бо Замирамоҳ Ҳайдарова муддати тӯлонӣ робита дошта, ӯро пайваста мавриди латтукӯби озор қарор медод ва дар ниҳоят моҳи январи соли 2018 баъди латтукӯби навбатӣ ҳамроҳи рафиқаш Саъдулло Раупов Замирамоҳро дар бордони мошинаш бор карда, ба теппаҳои Харангон бурдаанд. Дар онҷо Сафаров ва Раупов Замирамоҳ Ҳайдароваро мавриди латтукӯб ва озори ҷинсӣ қарор дода, сипас бо роҳи буғӣ кардан вайро ба ҳалокат расондаанд. Баъди ин онҳо бо мақсади пӯшондани изи ҷинояти худ ҷасади Ҳайдароваро дар ҳамон ғор зери хок кардаанд.
Ташхис нишон дод, ки ҷасади дуюми аз ин ғор ёфтшуда ҷасади Меҳрафзуни Холмирзо, с.т. 2001, сокини деҳаи Ал-Хитойи ноҳияи Исмоили Сомонӣ будааст.Ин духтарро, тавре дар "Ахбори ВКД” гуфта шуд, Саъдулло Раупов куштааст.
Раупов, ки таксиронӣ мекард, Меҳрафзунро дар деҳаи Харангон ҳамчун мусофир ба мошинаш савор кардаааст.
Раупов ҳодисаро чунин нақл кард: "Дар роҳ истода буд. Пурсид, ки таксиӣ. Гуфтам, таксиам. Пурсидам, куҷо меравӣ? Гуфт, Ал-Хитой. Шинондамаш, бурдамаш. Сахт дар ишкамаш як бор задам, ду бор задам, Аз гулӯяш доштам, ки "шикамам” гуфту як тараф афтод дар курсии қафои мошин. Гуфтам, инҷо овоз мебарояд, шиштаму мошинро ҳай кардам, боло рафтам...”
Раупов Меҳрафзунро ба макони ҷинояти қаблиашон бурда, бо истифода аз ҳолати оҷизии духтар ба вай пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кардааст. Баъди шунидани ҷавоби рад Саъдулло Раупов духтарро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
Раупов дар гузориш нишон медиҳад, ки чӣ гуна баъди куштани Меҳрафзун ҷасади ӯро сари китф бардошта, ба ҳамон ғор бурд ва зери хок кард.
Нисбат ба Сафаров Дониёр ва Раупов Саъдулло бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун ба онҳо аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳукми қатл таҳдид мекунад. Азбаски рӯи судури ҳукми қатл дар Тоҷикистон мораторий эълон шудааст, додгоҳҳо маъмулан ба ҷои он аз ҳукми ҳабси умрбод истифода мебаранд.

ЯК ПОЯШ НАБУД... ҶАСАДИ МЕҲРАНГЕЗИ 19-СОЛАРО БАЪДИ 5 МОҲ АЗ ЯК ҒОР ПАЙДО КАРДАНД (ВИДЕО)

Ҷасади Меҳрангез, як духтари 19-соларо, ки моҳи апрел беномунишон шуда буд, рӯзи 28 август, баъди қариб 5 моҳи ҷустуҷӯ аз як ғор дар дараи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд. Бо иттиҳоми қатли ин духтар Аҳмад ном сокини Қадоба, ки таксиронӣ мекардааст, дастгир шудааст. Модари Меҳрангез мегӯяд, ки вақте ҷасадро оварданд, духтарашро шинохта натавонист, зеро устухонҳояш пора-пора гашта, як пояш набуд.
Ба гуфтаи наздикони Меҳрангез, тафтиши қазияи Меҳрангез танҳо замоне аз ҷой ҷунбид, ки тафтиши онро Умедҷони Нуриддин, писари бародари президенти Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон ба уҳда гирифт. Қотили духтарро тавассути таъқиби телефони Меҳрангез пайдо кардаанд ва ӯ сипас ба муфаттишон иқрор кардааст, ки духтарро кушта, дар як ғор дар Харангон партофтааст.
Меҳрангез дар аввали моҳи апрел ба маросими "Сайри гули лола” рафта, дигар ба хона барнагашт.
"Модаре, ки 45 сол дорад, аз ғаму ғусса ва фироқи зиёд пир гаштааст, нотавон шудааст ва барои Меҳрафрӯзи ғӯрамаргаш месӯзаду менолад, дигар тавони пеш бурдани зиндагиашро надорад...” – навиштааст сомонаи pressa.tj
Тафсилоти бештар дар гузориши видеоии сомонаи pressa.tj аз хонаи Меҳрафрӯзи ғуррамарг:

                                                               

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.