расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ЯКУНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ ВА ДАСТ БА ҒОРАТГАРӢ ЗАДАНИ НОБОЛИҒ

Асосӣ / Ҷомеа

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ЯКУНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ ВА ДАСТ БА ҒОРАТГАРӢ ЗАДАНИ НОБОЛИҒ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ЯКУНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ ВА ДАСТ БА ҒОРАТГАРӢ ЗАДАНИ НОБОЛИҒ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2023
Марди 28-солаи сокини пойтахт 21-уми сентябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 100 ҳазор доллар гирифта ваъда додааст, ки фоидаи маблағҳои бо роҳи тиҷорат ба даст овардаашонро баробар тақсим мекунад, аммо маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Инчунин, гумонбаршаванда 31-уми сентябри соли 2021 ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 50 ҳазор доллар гирифта ваъда додааст, ки фоидаи маблағҳои бо роҳи тиҷорат ба даст овардаашонро баробар тақсим мекунад, аммо маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
хххххххххх
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 54-солаи сокини шаҳри Левакант муроҷиат намудааст, ки 25-уми августи соли 2023, тахминан соати 21:50, дар кӯчаи Киров як шахси ношинос бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-С11”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Левакант бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.