Дар марзи Мексика бо ИМА 3 тонна марихуана мусодира гардид

Дар наздикии сарҳади Мексика ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

дар ҳаҷми 3 тонна маводи мухаддири навъи марихуана дарёфт ва мусодира гардид. Кормандони Хадамоти гумрук ва сарҳадбонони Амрико ҳангоми гузаронидани тафтишот маводи мухаддирро аз дохили автомобили боркаш пайдо карданд. Ронандаи автомобили боркаш, ки аз ӯ сокини шаҳри Ногалес ном бурда мешавад, маводи мухаддиро дар зарфҳои нигоҳдории мураббо моҳирона ҷой намуда буд. Қаблан неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Мексика аз дохили киштиҳои дар обҳои наздисоҳилии кишвар қарордошта, наздики ду тонна маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуда буданд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон