Ҳалокати ду сарбоз ва 8 силоҳбадаст дар Афғонистон

Ҳавопаймоҳои зарбазани бидуни сарнишини неруҳои низомии

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд махфигоҳи гурӯҳҳои силоҳбадастро дар вилояти Нангарҳори қисми шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди ҳадаф қарор доданд. Дар натиҷаи зарбаҳои мушакӣ 8 силоҳбадасти гурӯҳи бо ном «Давлати - исломӣ» безарар карда шуда, чанд нафари дигар захмӣ гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар иттилоъ дод. Ҳодиса дар яке аз минтақаҳои кӯҳии вилоят ба амал омадааст. То кунун дар хусуси талафоти ҷонию молии сокинони маҳаллӣ дар ин ҳамлаҳои ҳавоӣ ягон маълумоти мушаххас дода нашудааст. Ҷониби неруҳои ҳарбии Амрико ҳамлаи мазкурро тасдиқ намуда, иттилоъ доданд, ки ҳадафи ин иқдом несту нобуд намудани нуҳуфтгоҳҳои ҷангиён ба шумор меравад. Ҳамчунин дар вилояти Кунари қисми шарқии кишвар таркиши канори роҳ ба амал омад, ки ба ҳалокати ду сарбоз боис шуд. Аз рӯйи маълумоти шоҳидон, таркиш дар наздикии пойгоҳи низомиёни давлатӣ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки террористӣ номаълум муҳимоти таркандаро дар мавзеи мазкур насб карда, сипас онро ба кор даровардааст. Аз таркиши сахт чанд автомашинаи низомиён ва дигар иншооти гирду атроф хароб гардид. Масъулияти ин ҳодисаи даҳшатборро то кунун ягон шахс ё гурӯҳе бар душ нагирифтааст, вале ҳукуматдорон дар содир намудани ин амали ҷиноятӣ ҷангиёни ҳаракати «Толибон»- ро гумонбар медонанд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон