расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард

Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард

Дар паёми шодбошии худ сарвари давлат дар бораи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори назар кард.

Сурат: хадамоти матбуоти президент

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки санаи 9 сентябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошии президенти мамлакат ба ин муносибат қайд мешавад, ки бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад, ки Тоҷикистони тозаистиқлол бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

“Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.

Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.

Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд”, - қайд мешавад дар паём.

Президент таъкид мекунад, ки бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис дода шуд.

Тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар зиёд гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин муддат шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 млн 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 млн 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогирии онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд.

Инчунин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд гардид.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 
фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

Дар муқоиса бо соли 1991 фавти модарон 3,1 баробар ва фавти кӯдакон 3,5 баробар коҳиш ёфт.

“Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарафманду сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, рӯзгори пурсаодат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям”, - зикр мегардад дар паёми шодбошии президент.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.