расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КҲФ: пешгирии худкушӣ ва дарёфти ҷасади ронанда аз дарё

. / Ҷомеа

КҲФ: пешгирии худкушӣ ва дарёфти ҷасади ронанда аз дарё

Наҷотбахшон тавонистанд занро муътақид созанд, ки аз пул худро напартояд.

Сурат: akzent.zp.ua

Нимашаби 6 сентябр аз навбатдори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Синои пойтахт ба навбатдори оперативии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар расид, ки як зан худро аз пули воқеъ дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе ба замин партофтанист.

Тавре сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, наҷотбахшони Раёсати Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, онҳо тавонистанд занро муътақид созанд, ки аз пул худро напартояд.

“Ин зани 49-сола сокини шаҳри Душанбе буда, пас аз безарар аз пул гирифтанаш барои расидагӣ ба мушкилаш ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳодисаи дуюм наҷотбахшони Кумита дарҳол ба як хонаи дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт воқеъбуда ҳозир шуда, дари оҳании онро, ки қулф шуда буду сокинонаш дохили он монда буданд, безарар кушоданд.

Ғайр аз ин, наҷотбахшон ҷасади ронандаеро дарёфт намуданд, ки аз 18 август ҷустуҷӯ доштанд.

Ёдрас мекунем, ки 18 август бар асари садамаи нақлиёт дар километри 55-уми роҳи Душанбе - Варзоб автомашинаи сабукрави “Мерседес-Бенс” бо 4 мусофир ба дарёи Варзоб сарозер шуда, ба наҷотбахшон дарёфи часади 2 нафар мусофирони автомашина муяссар шуд.

“Рӯзи 6 сентябр дар километри 50-уми роҳ наҷотбахшони Кумита ҷасади ронандаи автомашина, сокини 57-солаи Душанберо дарёфтанд, - гуфт Умеда Юсуфӣ. - Ҷустуҷӯи ҷасади 2 мусофири боқимонда идома дорад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.