расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » 200 сомонӣ - ҳаққи хизмати фоҳишахонаҳо дар Душанбеву Хуҷанд

. / Ҳаводис

200 сомонӣ - ҳаққи хизмати фоҳишахонаҳо дар Душанбеву Хуҷанд

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 46-сола дар шаҳри Душанбе ва зани 29-сола дар шаҳри Хуҷанд, ки дар ташкили фоҳишахона гумонбар дониста мешаванд, хабар доданд
Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт зимни як амалиёт марди 46-солаи сокини пойтахтро бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми сентябри соли равон, хонаи истиқоматиашро, ки воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ аст ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамзамон ВУД Тоҷикистон аз боздошти як зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки ҳамчунин дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад хабар доданд.
Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 26-уми августи соли равон, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом ва марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шароит фароҳам оварда, аз он онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд карданд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20200907/1031856274/200-somon-hakki-khizmati-fohishakhonaho-dar-Dushanbevu-Khujand.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.