расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ ШОИРАИ ТОҶИК РОБИЯ ХОЛМИРЗО

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ ШОИРАИ ТОҶИК РОБИЯ ХОЛМИРЗО

Модари Робия Холмирзо, шоираи тоҷик ва сардабири нашрияи "Анбоз” рӯзи 7 сентябр аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Сайраҳмон Назриев дар Фейсбук хабар дод. Дар бораи сабаби марги модари Робия дар хабар чизе гуфта нашудааст.
Робия Холмирзо, ки қаблан сардабирии маҷаллаи "Истиқбол”-ро бар уҳда дошт, моҳи августи соли равон бо фармони вазири фарҳанг сардабири рӯзномаи "Анбоз” таъйин шуд. "Анбоз” нашрияи кӯдакон буда, то соли 1991 "Пионери Тоҷикистон” ном дошт.
Sayrahmon Nazriev
Чанд лаҳза пеш хабар расид, ки модари шоира ва рӯзноманигор, сармуҳарири рӯзномаи "Анбоз" Робияи Холмирзо аз олам гузаштанд. Худованд модарро раҳмату мағфират ва хонаи охираташро обод гардонад. Ба Робия ва наздиконаш аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.