расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИ ДОВТАЛАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ И.ЮСУФБЕКОВ: ДАР ДУШАНБЕ МЕТРОЮ ТРАМВАЙ СОХТА, МУҲОҶИРОНРО АЗ ПАТЕНТ ОЗОД МЕКУНАМ

. / Сиёсат

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИ ДОВТАЛАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ И.ЮСУФБЕКОВ: ДАР ДУШАНБЕ МЕТРОЮ ТРАМВАЙ СОХТА, МУҲОҶИРОНРО АЗ ПАТЕНТ ОЗОД МЕКУНАМ

Иброҳимҷон Юсуфбеков, корманди 64-солаи бахши фарҳанги шаҳрдории Панҷакент яке аз довталабон барои ширкат дар интихоботи президентии рӯзи 11 октябр, барномаи пешазинтихоботиашро чоп кардааст. Як нусхаи ин барнома ба дасти сомонаи "Ахбор” низ расид. Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки тақрибан 18 сол дар муҳоҷирати корӣ қарор доштааст, ваъда додааст, ки ба мушкилоти ҳар муҳоҷир расидагӣ карда, онҳоро аз масъулияти пардохти андоз ва пули патент дар Русия халос хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин ваъдаи дар Душанбе сохтани роҳҳои зеризаминиву хатҳои трамвай, кабудизор кардани саросари ҷумҳурӣ, ба кор андохтани заминҳои бекорхобида, таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва кумак ба камбағалонро дода, дар анҷоми барномаи пешазинтихоботиаш аҳд додааст, ки дар сурати гузаштан ба президентӣ овозҳояшро ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хоҳад дод.

ҲОЛНОМА

Юсуфбеков Иброҳимҷон 17 январи соли 1956, дар деҳаи Мадовраи ҷамоати дехоти Рӯдакӣ, шахри Панҷакент, дар оилаи хидматчӣ тавалуд шудааст.
Баьди хатми мактаби миёнаи №18-и деҳаи Артучсоли 1973 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардида, соли 1978 онро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Фаьолияти меҳнатиашро соли 1978 ба сифати омӯзгори мактаби зодгохаш Мадовра оғоз намудаин ҷо ва дар деҳаи Шашқати нав то соли 1986 корро идома додааст.
Пасон, давоми солҳои 1986-1992 дар бюрои собик сайру саёҳати шаҳри Панҷакент ба ҳайси мудири шуьба ифои вазифа намудадаст.
Солҳои 1992-2006 -ум дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федерасияи Русия қарор дошт.
Солҳои 2007-2010 дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Казоқистон вазифаи тарҷумонро ба ҷо овардааст.
Ҳоло корманди шуьбаи фарҳанги макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аст. Оиладор,соҳиби 4 фарзанд.
Муаллифи чандин китоб аст.
Узви ҲХДТ.

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ

Ман мехоҳам,ки дар шаҳри Душанбе, роҳҳои зеризаминию хатсайрҳои барқии трамвай бисозам.
Ба мушкилии ҳар як муҳоҷир хоҳам расид. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳар як шарванди муҳоҷир мадади худамро хоҳам расонид. Аз андози боҷу хироҷи патенти давлатии Федерасияи Русия озод менамоям.
Ба баланд бардоштани савияи таьлиму тарбия ва рушди маориф дар Тоҷикистон ҷиддӣ эьтибор медиҳам.
Бо ҷои кор таьмин намудани шарвандони Тоҷикистонро саҳми худро хоҳам гузошт.
Диққатамро барои ободонию созандагӣ ва сабзазор намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро мегузорам.
Барои дастгирии камбағалону маьюбон ва бечорагон саҳми худро мегузорам.
Заминҳои бекорхобидаро аз нав барқарор намудаву бо қубурҳои насосӣ бо об таьмин менамоям.
Бо мавриди гузаштанам дар мақоми Президентӣ, овозҳоямро ба Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Решвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандашон Рустами Эмомалӣ хоҳам бахшид.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.