расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Марги сарбозони туркманистонӣ дар пистачинӣ

. / Ҷомеа

Марги сарбозони туркманистонӣ дар пистачинӣ


Як худрави артиши Туркманистон дар шоҳроҳи Ишқобод-Марӣ.

Дар вилояти Марии Туркманистон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ панҷ сарбоз фавтид. Манобеъ мегӯянд, фармондеҳи як қисми низомӣ сарбозонашро барои пистачинӣ ирсол карда буд.
"Фармондеҳи қисми низомии сарҳадӣ дар шаҳри Сарҳадобод рӯзи 2 сентябр сарбозонро ба наздикии марзи Туркманистон бо Афғонистон ба чидани писта фиристод. Бештар аз 30 сарбоз пушти мошини навъи "Урал" савор шуданд. Дар роҳ мошин чаппагардон шуда ва панҷ тан аз сарбозон фавтидаанд", - хабар доданд манобеъ.
Сарбозони боқимонда бо ҷароҳатҳои вазнин, аз ҷумла шикастагии дасту по дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Расонаҳои дигари Туркманистон менависанд, ки дар ин ҳодиса 11 сарбоз фавтидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.