расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти марди 56-сола бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ

. / Ҳаводис

Боздошти марди 56-сола бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ


Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич, ки пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 28-уми августи соли 2020, тахминан соати 15:00 дар хонаи истиқоматиаш, аз сабабе, ки ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо духтараш, ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷо, ҳамзист мебошад, муноқиша намуда, дар мошинсарои назди хонаи истиқоматиаш лату кӯб намуда, бо болға якчанд маротиба ба сарш зада ба ҳалокат расонидааст.
Баъдан, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти мазкур, ҷасади охиронро бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Ваз-2107», савор карда, ба ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур бурда, таги хок намудааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.