расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қолибоф: Амрико дар ташдиди ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон нақш дорад

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Қолибоф: Амрико дар ташдиди ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон нақш дорад

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси намояндагони Эрон, ахиран гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз ДИИШ* барои эҷоди ноамнӣ дар Афғонистон истифода мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории Тасним.

“ИМА аз ДИИШ* барои эҷоди ноамнӣ дар Афғонистон истифода мекунад то эҷоди фитнаи қавмӣ - мазҳабӣ дар ин кишвар, мардум мардуми мазлуми ин кишварро дар буҳрони бесобиқа фуру бубарад”, - гуфт ӯ.

Раиси порлумони Эрон ҳамчунин таъкид кард, Амрико бо истифода аз ДИИШ* дар пайи эҷоди ноамнӣ дар Афғонистон аст.

Қолибоф ҳамчунин изҳор дошт, ки толибон натавонистанд амнияти кишварро таъмин кунанд.

Вай таъсиси як ҳукумати фарогирро, ки аз ҳамаи ақвоми Афғонистон намояндагӣ мекунад, зарурӣ донист ва гуфт ин раванд метавонад дар таъмини амнияти пойдор дар ин кишвар кунма кунад.

Иддаоҳо дар бораи нотавонии толибон дар таъмини амният дар Афғонистон дар ҳолест, ки тайи 20 рӯзи ахир дар мадорис ва масоҷиди ин кишвар чанд инфиҷор рух додааст.

Бар асари ин ҳамлаҳои терррористӣ садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Бояд қайд кард ҳамлаҳои террористиро гурӯҳи ДИИШ* бар уҳда гирифта буд.

* - созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.