расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Писари марде, ки дар Балҷувон бо бародари вазир даъво дошт, боздошт шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Писари марде, ки дар Балҷувон бо бародари вазир даъво дошт, боздошт шуд


Як ҳафта пас аз ҳабс шудани Саидмӯъмин Давронов, сокини ноҳияи Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои замин даъвои додгоҳӣ дошт, кормандони умури дохилии ноҳия писари ӯ Сайфуддинро низ боздошт кардаанд.
Фариштамоҳ Каримова, ҳамсари Саидмӯъмин Давронов, рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти писараш рузи ҷумъа сурат гирифта, мақомот сабаби онро шарҳ надоданд. Пештар низ Сайфуддини 27-сола ҳамроҳи падараш боздошт, вале пас аз як рӯз озод гашта буд.
Ҳабиб Ҷумъазода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон, он вақт гуфта буд, писари Давронов боздошт нашудааст.
Саидмӯъмин Давронов муддати тулонӣ бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳия ва бародари Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт. Баҳси додгоҳии онҳо, аз ҷумла дар Радиои Озодӣ бозтоб ёфта буд. Ҳоло ӯ барои "хариду фурӯши замин" бозпурсӣ мешавад. Наздиконаш боздошти ӯ ва фарзандашро “интиқомгирӣ” меноманд.
Нуралӣ Раҷабов, вакили мудофеъи Давронов, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ваъдаҳо то ҳол натавонистааст бо зерҳимояааш мулоқот кунад.
Баҳси Давронов бо Ҳасан Иброҳимзода солҳо давом дошт. Ӯ мегуфт, ки Ҳасан Иброҳимзода, мехоҳад, ду гектар замин ва боғи ӯро аз худ кунад, вале дар ниҳоят, моҷарои додгоҳӣ ба нафъи Давронов анҷом ёфт. Баъди ин моҷаро ва шикояти чанд нафари дигар Ҳасан Иброҳимзода, ки масъули умури сохтмон ва замин дар ҳукумати ноҳияи Балҷувон ҳам буд, моҳи декабри соли 2021 аз мақомаш барканор шуд. Ҳоло хонаводаи Давронов боздошти ӯро "қасосгирӣ" медонанд ва иттиҳом алайҳи ӯ ва писарашро бофта медонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.